Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда»

(АМОҶТ с. 2011, №12, мод.852; с.2014,№11,мод.668)

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаро муайян карда, вазифаҳо, низоми фаъолият ва минтақабандии онҳоро муқаррар менамояд.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1.Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

— ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда — қитъаҳои замин, об ва фазои онҳоро иҳотакардае, ки дар онҳо комплексҳо ва объектҳои табиии дорои аҳамияти махсуси ҳифзи муҳити зист, илмӣ, фарҳангӣ, эстетикӣ, рекреатсионӣ ва солимгардонӣ ҷойгир буда, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ва ё қисман аз истифодабарии хоҷагидорӣ гирифта шудаанд ва барои онҳо низоми махсуси ҳифз муқаррар шудааст;

— мамнўъгоҳи табиӣ — ҳудуди замин ё муҳити об, ки аз фаъолияти хоҷагидорӣ пурра гирифта шуда, барои нигоҳдорӣ ва омўзиши комплексҳои табиии хос ва нодир, генофонди набототу ҳайвонот, гузаронидани мониторинги ҷараёни равандҳо ва ҳодисаҳои табиӣ пешбинӣ гардидааст;

— парки табиӣ — ҳудуде, ки комплексҳои табиии дорои аҳамияти махсуси экологӣ, таърихӣ ва эстетикиро дар бар гирифта, барои мақсадҳои ҳифзи муҳити зист, рекреатсионӣ, илмӣ ва фарҳангӣ пешбинӣ шудааст;

— резервати биосферӣ — қитъаи экосистемаи замин ва об ё ҳамбастагии онҳо, ки ба Шабакаи ҷаҳонии резерватҳои биосферӣ дохил гардида, барои ҳифзи арзишҳои табиӣ ва фарҳангӣ, истифодаи устувори замин, аз ҷумла заминҳои таъиноти кишоварзӣ, фонди ҷангал, ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва маҳалҳои аҳолинишини деҳот пешбинӣ шудааст;

— парваришгоҳи табиӣ — ҳудуде, ки бо мақсади нигоҳ доштан ва барқарор намудани ҷузъҳои алоҳидаи табиат ва комплексҳои табиӣ ба давраи муайян ҷудо гардидааст;

— ёдгории табиӣ — объекти табиии нодир, барқарорнашаванда ва аз ҷиҳати экологӣ, илмӣ, эстетикӣ ва фарҳангӣ пурарзиш;

— минтақаи рекреатсионӣ —қитъаи замин, муҳити об ё ҳамбастагии онҳо, ки аҳамияти эстетикӣ, экологӣ ва фарҳангӣ дошта, бо мақсадҳои истироҳату солимгардонии аҳолӣ истифода мешавад;

— минтақаи муҳофизатӣ (буферӣ) — минтақае, ки бо мақсади кам кардани таъсири номатлуби беруна дар атрофи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда бунёд карда мешавад;

— Кадастри давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда — маҷмўи маълумот дар бораи вазъи ҳуқуқӣ, мавқеи ҷуғрофӣ, тавсифҳои миқдорӣ ва сифатӣ, арзишҳои экологӣ, иқтисодӣ, илмӣ, маърифатӣ ва дигар арзишҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва истифодабарандагони онҳо;

— Солномаи табиат — ҳуҷҷати илмӣ, ки дар он натиҷаҳои асосии мушоҳидаҳо оид ба раванд ва зуҳуроти табиӣ, таҳлили маълумоти бадастомада, инчунин қонуниятҳои зоҳиршудаи раванду зуҳуроти табиии мушоҳидашаванда, сабабҳои ба вуҷуд омадан ва дурнамои рушди минбаъдаи онҳо сабт карда мешаванд;

— туризми экологӣ – туризме, ки саёҳат ба ҷойҳои нисбатан дастнарасидаи табиат бо мақсади дарёфти маълумот оид ба хусусиятҳои табиӣ ва фарҳангию этнографии маҳал, дар як вақт халалдор насохтани ягонагии системаҳои экологиро дар бар гирифта, ба ҳифзи муҳити зист ва захираҳои табиӣ манфиатдор гаштани аҳолии маҳал шароити иқтисодӣ фароҳам меоварад;

— паркҳои дендрологӣ ва боғҳои ботаникӣ — муассисаҳое, ки вазифаи онҳо ташкили коллексияи дарахту буттаҳо бо мақсади ҳифзи гуногунии биологӣ ва ғанӣ гардонидани олами наботот, интродуксия ва мутобиқсозии намудҳои нави растанӣ, инчунин бо мақсадҳои илмӣ, таълимӣ ва фарҳангию маърифатӣ мебошад.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Категорияҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда

  1. Вобаста ба мақсадҳои ташкил, хусусиятҳои низоми муҳофизат ва истифода категорияҳои зерини ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда муқаррар карда мешаванд:

— мамнўъгоҳҳои табиии давлатӣ;

— паркҳои табиии давлатӣ;

— парваришгоҳҳои табиӣ;

— боғҳои давлатии ҳайвонот;

— ёдгориҳои табиии давлатӣ;

— минтақаҳои экологию этнографӣ;

— паркҳои дендрологӣ ва боғҳои ботаникӣ;

— минтақаҳои табиии осоишӣ, табобатию солимгардонӣ ва рекреатсионӣ.

  1. Мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дигар категорияҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда муқаррар карда шаванд.
  2. Бо назардошти арзиши экологӣ ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда метавонанд дорои аҳамияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ бошанд.

Моддаи 4. Моликияти давлатӣ будани ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда

  1. Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда моликияти истисноии давлат буда, давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.
  2. Амалҳое, ки ошкоро ё пинҳонӣ ҳуқуқи моликияти давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаро вайрон мекунанд, манъ мебошанд.

БОБИ 2. ИДОРАКУНИИ ҲУДУДҲОИ ТАБИИИ

МАХСУС МУҲОФИЗАТШАВАНДА

Моддаи 5. Идоракунии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда

  1. Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда (минбаъд — мақоми ваколатдори давлатӣ), мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо ва ташкилотҳое, ки ҳудудҳои мазкур дар ихтиёри онҳо мебошанд, идора карда мешаванд. Назорати давлатии ҳолат ва риояи низоми ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаро мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ месозад.
  2. Фаъолият оид ба амалӣ сохтани назорати давлатӣ ва идоракунии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар минтақаҳои сарҳадӣ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад. Тадбирҳои мушаххас дар ин ҳудудҳо бо иҷозати мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи сарҳади давлатӣ амалӣ карда мешаванд.

Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда

  1. Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дохил мешаванд:

— пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ оид ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;

— ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба ҳифз ва идоракунии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;

— қабули қарорҳо оид ба ташкил ва барҳам додани ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ;

— тасдиқи барномаҳои давлатӣ ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;

— муайян намудани мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;

— ба роҳ мондани ҳамкории байналмилалӣ оид ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;

— амалӣ сохтани салоҳияти дигар, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.

Моддаи 7.Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ
  1. Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дохил мешаванд:

— татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ оид ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;

— ташкили мониторинги ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;

— амалӣ намудани назорати давлатӣ;

— таҳияи барномаҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;

— пешниҳоди даъво оид ба ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи риоя накардани қонунгузории ҳифзи муҳити зист ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда расонида шудааст;

— амалӣ сохтани ваколатҳои дигар, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.

Моддаи 8. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда

Ба ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дохил мешаванд:

— мусоидат ба иҷрои барномаҳои давлатӣ оид ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;

— муайян кардани чораҳои асосии ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, тасдиқи барномаҳои маҳаллии экологӣ;

— ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти мақомоти маҳаллии идоракунӣ доир ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, мусоидат ба ҷалби ихтиёрии маблағ барои иҷрои тадбирҳои ҳифз ва барқарорсозии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;

— амалӣ сохтани ваколатҳои дигар, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.

Моддаи 9. Иштироки ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон дар ташкил, ҳифз ва истифодаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда

Ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон дар амалӣ сохтани тадбирҳо оид ба ташкил, ҳифз ва истифодаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд.

Моддаи 10. Кадастри давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда

  1. Пешбурди Кадастри давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда бо мақсади арзёбии вазъи фонди табиӣ, муайян намудани дурнамои рушд ва таъмини ҳифзи онҳо, гузаронидани таҳқиқоти илмӣ, назорати давлатии ҳифзи генофонд ва риояи низоми дахлдор, инчунин ба назар гирифтани ҳудудҳои мазкур ҳангоми банақшагирии тараққиёти иҷтимоию иқтисодӣ ва ҷойгиронии нерўҳои истеҳсолии минтақа амалӣ карда мешавад.
  2. Пешбурди Кадастри давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда тибқи системаи ягонаи таҳиякардаи мақоми ваколатдори давлатӣ бо иштироки дигар вазорату идораҳои манфиатдор, амалӣ карда мешавад. Тартиби пешбурди Кадастри давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Моддаи 11. Банақшагирии тадбирҳои ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда

  1. Тадбирҳои ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар консепсия, стратегия ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ пешбинӣ карда мешаванд. Тадбирҳои ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда бо назардошти мутобиқати манфиатҳои аз ҷиҳати илмӣ асоснокшудаи иқтисодӣ ва экологии ҷомеа ба нақша гирифта мешаванд.
  2. Банақшагирии ҷорӣ ва дарозмўҳлати тадбирҳои ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар таркиби консепсия, стратегия ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, дар асоси барномаи экологии давлатӣ ва нақшаи генералии рушд ва ҷойгиронии нерўҳои истеҳсолӣ, соҳаҳои иқтисодиёт бо назардошти иқтидори захираҳои табиии ҷумҳурӣ ва минтақаҳои алоҳидаи он анҷом дода мешавад.
  3. Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ҳангоми таҳияи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии минатақаҳо, нақшаҳои заминсозӣ ва тарҳи ноҳияҳо ба ҳисоб гирифта мешаванд.
  4. Банақшагирии тадбирҳои ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳое, ки ин ҳудудҳо дар ихтиёри онҳо мебошанд, амалӣ мегардад.

Моддаи 12. Таъминоти моддию техникӣ ва маблағгузории тадбирҳои ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда

  1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият ва тобеият, барои таъминоти моддию техникии тадбирҳои ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда чораҳои зарурӣ меандешанд.
  2. Тадбирҳои ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда аз ҳисоби манбаъҳои зерин маблағгузорӣ карда мешаванд:

— буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ;

— фондҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии ҳифзи муҳити зист;

— маблағҳои корхона, муассиса ва дигар ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият;

— кўмаки ихтиёрии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

— дигар намудҳои маблағгузорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

БОБИ 3. ТАШКИЛИ ҲУДУДҲОИ ТАБИИИ МАХСУС МУҲОФИЗАТШАВАНДА

Моддаи 13. Тартиби ташкили ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда

Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ тибқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешаванд.

Моддаи 14.Минтақаҳои муҳофизатӣ (буферӣ)
  1. Ҳангоми зарурати пешгирӣ ё кам кардани таъсироти зарарнок ба комплексҳои табиии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар атрофи ин ҳудудҳо метавонанд минтақаҳои муҳофизатӣ (буферӣ) бо фаъолияти хоҷагидории маҳдуд муқаррар карда шаванд.
  2. Дар минтақаҳои муҳофизатӣ (буферӣ) намудҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва истифодаи табиат, ки ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда таъсири манфӣ мерасонанд, манъ аст.
  3. Андозаҳои минтақаҳои муҳофизатӣ (буферӣ) ва низоми онҳо аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 15.Гузаргоҳҳои экологӣ
  1. Гузаргоҳҳои экологӣ барои таъмини алоқаи бефосила миёни ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва дигар ҳудудҳои табиии муҳофизатшавандаи шабакаи экологӣ бо мақсади нигоҳ доштани объектҳои фонди давлатии мамнўию табиӣ, гуногунии биологӣ, ҳифзи гузаргоҳҳои табиии муҳоҷирати ҳайвонот ва густариши наботот, ки дар ҳудудҳои табиии муҳофизатшавандаи мазкур ҷойгиранд ва мерўянд, ташкил карда мешаванд.
  2. Дар қитъаҳои гузаргоҳҳои экологӣ низоми танзимшавандаи истифодаи замин муқаррар карда мешавад, ки он ҳифзи ҳайвоноти ваҳширо дар ҷойҳои зисти муваққатиашон ва дар давраи ҷойивазкунӣ ҳангоми муҳоҷират, инчунин ҳифзи ҷойҳои нашъунамои растаниҳои ёбоиро таъмин менамояд.
  3. Марз, масоҳат ва низоми муҳофизати гузаргоҳҳои экологӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ якҷоя бо мақоми ваколатдори давлатӣ муайян карда мешаванд.

Моддаи 16. Заминҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда

Заминҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ба гурўҳҳои заминҳои фонди давлатии ҷангал, таъиноти ҳифзи табиат, солимгардонӣ, рекреатсионӣ ва таърихию фарҳангӣ тааллуқ доранд. Дар заминҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда фаъолият бар хилофи таъиноти мақсадноки онҳо манъ аст.

Моддаи 17. Тартиби захираи заминҳо барои ташкили ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда

  1. Қитъаҳои замин бо мақсади ташкили ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда бо қарори раисони шаҳр ва ноҳияҳо дар асоси пешниҳоди якҷояи мақоми ваколатдори давлатӣ ва муассисаи ваколатдори илмӣ захира карда мешаванд.
  2. Дар мавриди захира кардани заминҳо барои ташкили ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва минтақаҳои муҳофизатии (буферии) онҳо зарари заминистифодабарандагон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.
  3. Дар мавриди гирифтани заминҳои фонди давлатии ҷангал ва захираи давлатии замин ба мақсади ташкили ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ба муассисаҳои ҳифзи муҳити зист ва ташкилотҳои дигар, ки заминҳои мазкур дар тавозуни онҳо мебошанд, зарар ҷуброн карда намешавад.

Моддаи 18. Дастрасии шаҳрвандон ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда

  1. Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ба истиснои минтақаҳое, ки низоми қатъии муҳофизатӣ доранд, дастраси умум буда, аз ҷониби шаҳрвандон ба мақсадҳои рекреатсионӣ, солимгардонӣ, фарҳангӣ ва туризми экологӣ истифода мегарданд.
  2. Дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, ба истиснои минтақаҳои низоми қатъии муҳофизатидошта, истиқомати начандон зичи аҳолии таърихан муқимӣ, бо шарти нигоҳ доштани мувозинати экологии ҳудуди мазкур иҷозат дода мешавад.
  3. Туризми экологӣ дар замони муайян ва аз рўи хатсайрҳои пешакӣ муқарраргардида, тибқи қоидаҳои боздиди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, ки мақоми ваколатдори давлатӣ муайян кардааст, анҷом дода мешавад. Мақоми ваколатдори давлатӣ ё ташкилотҳое, ки ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар ихтиёри онҳо мебошанд, бо мақсади ҳифзи намудҳои нодир ва аз байн равандаи олами набототу ҳайвонот ва муҳити зисти (сабзиши) онҳо, метавонанд туризми экологиро дар минтақаҳои алоҳидаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда манъ намоянд.
  4. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии машғули туризми экологӣ бояд бо мақомот ё ташкилотҳое, ки ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар ихтиёрашон аст, оид ба таъмини риояи низоми онҳо ва қоидаҳои туризми экологӣ шартнома банданд, хатсайр ва дигар шартҳоро мувофиқа созанд.
  5. Воридшавӣ ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда бо мақсади туризми экологӣ метавонад музднок бошад. Андоза ва тартиби пардохти музди туризми экологиро дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. Маблағҳое, ки аз туризми экологӣ дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ба даст меоянд, барои нигоҳдорӣ, таъмини мақсаду вазифаҳо ва низоми ин ҳудудҳо истифода мешаванд.

Моддаи 19. Тартиби таҷдид, боздоштани фаъолият ва барҳам додани ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда

  1. Таҷдид, боздоштани фаъолият ва барҳам додани ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ тибқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд.
  2. Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ҳангоми зарурати тағйир додани намуд ва категорияи онҳо мавриди таҷдид қарор мегиранд.
  3. Фаъолияти ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар ҳолатҳои зерин боздошта ё барҳам дода мешаванд:

— ба охир расидани мўҳлати фаъолият;

— расонидани зарари ҷуброннопазир дар натиҷаи офатҳои табиӣ ва амалҳои дорои хусусияти техногенӣ;

— гирифтани замини ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда барои дигар мақсадҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ.

БОБИ 4. МАМНЎЪГОҲҲОИ ТАБИИИ ДАВЛАТӢ

Моддаи 20.Вазифаҳои мамнўъгоҳҳои табиии давлатӣ

Ба зиммаи мамнўъгоҳҳои табиии давлатӣ вазифаҳои зайл гузошта мешаванд:

— ҳифзи гуногунии биологӣ бо роҳи нигоҳ доштани тамомияти комплекси табиии мамнўъгоҳ;

— пешбурди мониторинги биологӣ;

— гузаронидани таҳқиқоти илмӣ;

— иштирок дар экспертизаи экологии лоиҳаҳо ва нақшаҳои ҷойгиронии объектҳои хоҷагидорӣ ва дигар объектҳое, ки амалигардонии онҳо метавонад ба комплексҳои табиии мамнўъгоҳҳо ва минтақаҳои муҳофизатии онҳо таъсири манфӣ расонад;

— мусоидат дар тайёр намудани кормандони илмӣ ва мутахассисони соҳаи ҳифзи муҳити зист;

— густариши донишҳои экологӣ.

Моддаи 21.Тартиби ташкили мамнўъгоҳҳои табиии давлатӣ
  1. Қарордар бораи ташкили мамнўъгоҳҳои табиии давлатӣ, инчунин тағйир додани ҳудуди онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ ва дар мувофиқа бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қабул карда мешавад.
  2. Барои ташкили мамнўъгоҳҳои табиии давлатӣ розигии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар ин ҳудуд бо фаъолияти хоҷагидорӣ ва истифодаи табиат машғуланд, зарур нест.
  3. Барои ташкили мамнўъгоҳҳои табиии давлатӣ замин мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта мешавад.
Моддаи 22.Идораи мамнўъгоҳҳои табиии давлатӣ
  1. Мамнўъгоҳҳои табиии давлатӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тибқи Қонуни мазкур идора карда мешаванд.
  2. Нақшаҳои идоракунии мамнўъгоҳҳои табиии давлатӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ гардида, ба маълумоти мақомоти дахлдори давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон расонида мешаванд. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии манфиатдор метавонанд ба таҳияи нақшаи идоракунӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда шаванд. (ҚҶТ аз 27.11.2014,№1159)
Моддаи 23.Низоми мамнўъгоҳҳои табиии давлатӣ
  1. Дар ҳудудимамнўъгоҳҳои табиии давлатӣ фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияте, ки рушди муқаррарии равандҳои табииро халалдор сохта, ба ҳолати комплексу объектҳои табиӣ таҳдид мекунанд ва бо иҷрои вазифаҳои мамнўъгоҳ вобаста нестанд, манъ аст.
  2. Дар ҳудуди мамнўъгоҳҳои табиии давлатӣ ва минтақаҳои муҳофизатии (буферии) онҳо мутобиқсозии растанӣ ва ҳайвоноти ба ин минтақаҳо хос набуда манъ аст.
  3. Дар мамнўъгоҳҳои табиии давлатӣ амалӣ намудани тадбирҳои зерин мумкин аст:

— тадбирҳои нигоҳдошт, барқарорсозӣ ва пешгирии дигаргуншавии комплексҳои табиӣ дар натиҷаи таъсири антропогенӣ, инчунин иҷрои вазифаҳои илмию таҳқиқотии ба зиммаи мамнўъгоҳ гузошташуда;

— тадбирҳои зидди сўхтор ва санитарӣ, инчунин намудҳои дигари фаъолияти маҳдуди хоҷагидорӣ ва истифодаи табиат, ки барои иҷрои вазифаҳои мамнўъгоҳи давлатӣ заруранд.

  1. Дар ҳудуди мамнўъгоҳҳои табиии давлатӣ будубоши шаҳрвандон, ба ғайр аз кормандони мамнўъгоҳ ва шахсоне, ки назорати давлатиро амалӣ менамоянд, танҳо бо иҷозати маъмурияти мамнўъгоҳҳо мумкин аст.
  2. Дар минтақаҳои ҳамшафати мамнўъгоҳҳои табиии давлатӣ сохтмони объектҳои нави хоҷагидорӣ ва анҷом додани дигар фаъолияте, ки ба низоми мамнўъгоҳҳо таҳдид карда, боиси афзоиши ғилзати заминавии моддаҳои ифлоскунанда ё тағйирёбии низоми гидрологии ҳудуди мамнўъгоҳҳо мегардад, танҳо дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ анҷом дода мешаванд.

Моддаи 24. Фаъолияти таҳқиқоти илмӣ дар мамнўъгоҳҳои табиии давлатӣ

  1. Фаъолияти таҳқиқоти илмӣ дар мамнўъгоҳҳои табиии давлатӣ тавассути таҳқиқоти доимии шабонарўзӣ ва бисёрсолаи комплексӣ, ки ба омўзиши комплексҳои табиӣ ва мушоҳидаҳои дарозмуддати ҷараёни равандҳои табиӣ бо мақсади арзёбӣ ва пешгўӣ кардани вазъи экологӣ, таҳияи асосҳои илмии ҳифзи муҳити зист, нигоҳ доштани гуногунии биосфера, барқарорсозӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ равона шудаанд, анҷом дода мешавад. Пешбурди «Солномаи табиат» барои тамоми мамнўъгоҳҳои табиии давлатӣ ҳатмист.
  2. Хусусиятҳои мушаххас, низом ва самти фаъолияти илмии мамнўъгоҳҳои табиии давлатӣдар низомномаҳои онҳо ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқмегарданд, муқаррар карда мешаванд.
  3. Дар мамнўъгоҳҳои табиии давлатӣ шўроҳои олимон ташкил кардан мумкин аст. Ҳайати шўрои олимон ва низомномаи онро мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ мекунад.
  4. Фондҳои илмии мамнўъгоҳҳои табиии давлатӣ бояд бемўҳлат нигоҳ дошта шаванд. Ба мамнўъгоҳҳои табиии давлатӣ ҳуқуқи нашри асарҳои илмӣ дода мешавад.

Моддаи 25. Истифодаи объектҳои мамнўъгоҳҳои табиии давлатӣ

Замину об, қаъри замин ва олами набототу ҳайвоноти ҳудуди мамнўъгоҳҳои табиии давлатӣ пурра ва ройгон барои истифодаи бемўҳлат ба мамнўъгоҳҳо дода мешаванд. Ба иҷора додани замин ва дигар захираҳои табиии мамнўъгоҳҳо манъ аст.

БОБИ 5. ПАРКҲОИ ТАБИИИ ДАВЛАТӢ

Моддаи 26. Мавқеи ҷойгиршавӣ ва вазифаҳои паркҳои табиии давлатӣ

  1. Ҳудуди паркҳои табиии давлатӣ дар заминҳое, ки барои истифодабарии онҳо дода мешаванд, инчунин дар заминҳои дигар истифодабарандагон ҷойгир мешаванд.
  2. Ба зиммаи паркҳои табиии давлатӣ вазифаҳои зерин гузошта мешаванд:

— ҳифз ва барқарорсозии комплексҳои табиии қитъа ва объектҳои табиии намунавӣ ва нодир;

— ҳифзи мероси фарҳангӣ (объектҳои этнографӣ, бостоншиносӣ, таърихӣ ва ландшафтҳои табиӣ);

— ташкили маърифати экологии аҳолӣ;

— таҳия ва татбиқи усулҳои илмии ҳифзи муҳити зист;

— муҳайё сохтани шароити мусоид барои туризми экологӣ.

Моддаи 27.Тартиби ташкили паркҳои табиии давлатӣ
  1. Паркҳои табиии давлатӣ метавонанд дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ (паркҳои табиии миллӣ) ва маҳаллӣ бошанд.
  2. Қарор дар бораи ташкили паркҳои табиии миллӣ ва тасдиқи низомномаи онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ қабул карда мешавад.
  3. Қарор дар бораи ташкили паркҳои табиии маҳаллӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар асоси пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ қабул карда мешавад.
Моддаи 28.Идораи паркҳои табиии давлатӣ
  1. Паркҳои табиии давлатӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тибқи Қонуни мазкур идора карда мешаванд.
  2. Нақшаҳои идоракунии паркҳои табиии давлатӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ гардида, ба маълумоти мақомоти дахлдори давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон расонида мешаванд. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии манфиатдор метавонанд ба таҳияи нақшаи идоракунӣ ҷалб карда шаванд.
Моддаи 29.Минтақабандӣ ва низоми паркҳои табиии миллӣ
  1. Минтақабандии паркҳои табиии миллӣ ва тағйир додани онҳо аз тарафи мақомоте, ки паркҳои табиии миллӣ дар ихтиёрашон мебошанд, амалӣ гашта, аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда мешавад.
  2. Дар ҳудуди паркҳои табиии миллӣ мутобиқи минтақабандии ҳудудҳои онҳо ва бо назардошти ҳолати комплексҳо ва объектҳои табиӣ ва имкониятҳои рекреатсионии онҳо низоми мухталифи ҳифз ва истифода муайян карда мешавад.
  3. Ҳудуди паркҳои табиии миллӣ ба минтақаҳои зерин ҷудо карда мешаванд:

— минтақаи мамнўъ – минтақае, ки дар он низоми манъи ҳама гуна фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият, ки ҳолати муқаррарии комплексҳо ва объектҳои табииро халалдор мекунад, пешбинӣ шудааст;

— минтақаи парваришгоҳ – минтақае, ки низоми он фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигарро дар мавсимҳои муайян, дар давраи муайян ба андозае, ки он ба ҳолати комплексҳои табиӣ ва рушди муқаррарии онҳо таъсири манфӣ нарасонад, пешбинӣ менамояд. Дар минтақаи парваришгоҳ муҳайё сохтани шароит барои истироҳати кўтоҳмуддати шаҳрвандон тавассути ташкили пайроҳаҳо, паноҳгоҳҳои хурд ва гўшаҳо барои мушоҳида иҷозат дода мешавад;

— минтақаи фаъолияти хоҷагидорӣ – минтақае, ки дар он истифодаи маҳдуди захираҳои табиӣ, инчунин истифодабарии замин, ки ба объектҳо ва комплексҳои табиии муҳофизатшаванда зарар намерасонад, пешбинӣ мешавад.

  1. Дар ҳудуди паркҳои табиии миллӣ амалҳои зерин манъ аст:

— буридани дарахту буттаҳо, ба истиснои буришҳои санитарӣва бо мақсадҳои нигоҳубин;

— фаъолияти корхонаҳое, ки хатари экологӣ доранд;

— ҷойгиронии организмҳои зинда бо мақсади мутобиқгардонӣ;

— гўронидани ҳама гуна партовҳо.

  1. Тибқи низомномаи паркҳои табиии миллӣ намудҳои фаъолияти дигаре, ки боиси коҳиш ёфтани арзишҳои табиӣ, илмӣ, эстетикӣ ва фарҳангии ҳудуди онҳо мегарданд, метавонанд манъ ва ё маҳдуд карда шаванд.
  2. Сохтмони роҳ ва хатҳои қубурҳои магистралӣ, хатҳои барқ ва дигар коммуникатсияҳо, ки ба фаъолияти паркҳои табиии миллӣ алоқаманд нестанд, танҳо бо иҷозати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ карда мешаванд.

БОБИ 6. ПАРВАРИШГОҲҲОИ ТАБИӢ

Моддаи 30.Намудҳои парваришгоҳҳои табиӣ
  1. Парваришгоҳҳои табиӣ метавонанд давлатӣ ва хусусӣ бошанд.Парваришгоҳҳои табиии давлатӣ метавонанд дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ бошанд. Парваришгоҳҳои хусусӣ танҳо аҳамияти маҳаллӣ доранд.
  2. Парваришгоҳҳои табиии давлатӣ аз рўи таъинот ба намудҳои зерин тақсим мешаванд:

— ландшафтӣ (комплексӣ) – барои ҳифз ва барқарорсозии ландшафтҳо ва комплексҳои пурарзиши табиӣ;

— биологӣ (ботаникӣ, зоологӣ) – барои ҳифз ва барқарорсозии намудҳои пурарзиш, нодир ва зери таҳдиди нобудшавӣ қарордоштаи олами набототу ҳайвонот;

— палеонтологӣ – барои ҳифзи намудҳои алоҳидаи биологии ниҳоят қадим ва маҷмўи онҳо;

— гидрологӣ (ботлоқӣ, кўлӣ, дарёӣ) – барои ҳифзи объектҳои муҳими об ва акваторияи онҳо;

— геологӣ ва минералогӣ – барои ҳифзи намудҳои нодири геологӣ ва минералогӣ.

Моддаи 31.Тартиби ташкили парваришгоҳҳои табиӣ
  1. Парваришгоҳҳои табиии давлатии дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонбо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ ташкил карда мешаванд.
  2. Парваришгоҳҳои табиии давлатии дорои аҳамияти маҳаллиро мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ташкил менамоянд.
  3. Қитъаҳои замин метавонанд бе гирифтан аз заминистифодабарандагон парваришгоҳи табиии давлатӣ эълон карда шаванд.
  4. Парваришгоҳҳои хусусӣ бо қарори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар асоси дархости шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии манфиатдор дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ ва муассисаи ваколатдори илмӣ ташкил карда мешаванд.
  5. Парваришгоҳҳо метавонанд бемўҳлат ё ба мўҳлати то даҳ сол ташкил карда шаванд.

Моддаи 32. Тобеият ва маблағгузории парваришгоҳҳои табиии давлатӣ

  1. Парваришгоҳҳои табиии давлатии дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ дар тобеияти мақоми ваколатдори давлатӣ буда, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ карда мешаванд.
  2. Тобеият ва тартиби маблағгузории парваришгоҳҳои табиии давлатии дорои аҳамияти маҳаллӣ аз тарафи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки дар бораи ташкили онҳо қарор қабул мекунад, муайян карда мешаванд.
Моддаи 33.Низоми парваришгоҳҳои табиии давлатӣ
  1. Дар ҳудуди парваришгоҳҳои табиии давлатӣ ҳама гуна фаъолияти хилофи вазифаҳои парваришгоҳ манъ ё маҳдуд карда мешавад.
  2. Вазифаҳои мушаххас ва хусусиятҳои низоми ҳар парваришгоҳи табиии давлатӣ бо низомномаи он муайян карда мешавад.
  3. Корхонаю муассиса ва дигар ташкилотҳое, ки дар замини онҳо парваришгоҳи табиии давлатӣ ташкил карда шудааст, вазифадоранд низоми муқарраргардидаи парваришгоҳро риоя намоянд.
Моддаи 34.Низоми парваришгоҳҳои табиии хусусӣ
  1. Низоми парваришгоҳҳои табиии хусусӣ дар низомномаҳои онҳо, ки аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар мувофиқа бо сохтори маҳаллии мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқмегардад, муайян карда мешавад.
  2. Низоми парваришгоҳи табиии хусусӣ бояд ҳифз ва барқарорсозии объектҳои олами наботот, ҳайвонот ва комплексҳои табиӣ, инчунин муҳайё сохтани шароит барои омўзиши онҳоро пешбинӣ намояд.
  3. Ҷойгир ва паҳн кардани намудҳои бегонаи олами набототу ҳайвонот дар ҳудуди парваришгоҳҳо манъ аст.
  4. Парваришгоҳҳои табиии хусусӣ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сохтори маҳаллии мақоми ваколатдори давлатӣ тибқи намунаҳои муқарраргардидаи ҳисоботи омори давлатӣ ҳисобот медиҳанд.
  5. Назорати давлатии ҳолати ҳифзи муҳити зист ва фаъолияти парваришгоҳҳои табиии хусусӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ карда мешавад.

БОБИ 7. БОҒҲОИ ДАВЛАТИИ ҲАЙВОНОТ

Моддаи 35. Ташкил ва минтақабандии боғҳои давлатии ҳайвонот

  1. Боғҳои давлатии ҳайвонот метавонанд дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ бошанд.
  2. Боғҳои давлатии ҳайвонотро, ки аҳамияти ҷумҳуриявӣ доранд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ ташкил мекунад.
  3. Боғҳои давлатии ҳайвоноти аҳамияти маҳаллӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ташкил карда мешаванд.
  4. Қитъаҳои замин бо мақсади ташкили боғҳои давлатии ҳайвонот мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи бемўҳлат дода мешаванд.
  5. Дар боғҳои давлатии ҳайвонот барои нигоҳдорӣ, афзоиш ва намоиши ҳайвонот – тамошогоҳ, барои гузаронидани таҳқиқоти илмӣ — минтақаи илмӣ, барои хизматрасонӣ ба тамошобинон — минтақаҳои ҷамъиятӣ, маъмурӣ ва хоҷагию истеҳсолӣ пешбинӣ карда мешаванд.

Моддаи 36. Парвариши ҳайвонот дар боғҳои давлатии ҳайвонот ва хусусиятҳои ҳифзи онҳо

  1. Дар боғҳои давлатии ҳайвонот коллексияи намудҳои гуногуни ҳайвоноти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаҳон ташкил ва ҳифзу нигоҳдории онҳо таъмин карда мешавад.
  2. Воридот ва содироти ҳайвонот, инчунин мубодилаи онҳо байни боғҳои давлатии ҳайвонот ва дигар муассисаҳои соҳаи ҳайвонотшиносӣ (зоологӣ) тибқи тартиби муқарраршуда анҷом дода мешавад.
  3. Дар боғҳои давлатии ҳайвонот хадамоти байторӣ ва зоотехникӣ, ҳамчунин ҷойҳои махсус барои парвариши насли ҳайвоноти нодир ва зери таҳдиди нобудшавӣ қарордошта ташкил карда мешаванд.
Моддаи 37.Хусусиятҳои истифодаи боғҳои давлатии ҳайвонот
  1. Боғҳои давлатии ҳайвонот бо мақсадҳои илмӣ, фарҳангӣ ва таълимӣ истифода мешаванд. Дар боғҳои давлатии ҳайвонот оид ба нигоҳдорӣ ва парвариши ҳайвонот дар шароити маҳкам ва нимозод таҳқиқотҳои илмӣ гузаронида мешаванд.
  2. Боғҳои давлатии ҳайвонот метавонанд фондҳо, осорхонаҳо, китобхонаҳо ва бойгониҳо ташкил намоянд, вобаста ба фаъолияти худ адабиёти илмӣ, илмии оммавӣ ва ғайра нашр намоянд, инчунин ба аҳолӣ дар соҳаи байторӣ, корҳоиселексионӣ ва парвариши ҳайвоноти зотӣ хизмати музднок расонанд.
  3. Дар боғҳои давлатии ҳайвонот мутобиқи соҳаи фаъолияти онҳо метавонанд хоҷагиҳои ёрирасон, устохонаҳо, мағозаҳои зоологӣ ва дигар объектҳои барои фаъолияти хоҷагидорӣ зарур ташкил карда шаванд.

БОБИ 8. ЁДГОРИҲОИ ТАБИИИ ДАВЛАТӢ ВА

МИНТАҚАҲОИ ЭКОЛОГИЮ ЭТНОГРАФӢ

Моддаи 38. Тартиби ёдгориҳои табиии давлатӣ эълон кардани объектҳои табиӣ

  1. Ёдгориҳои табиии давлатӣ метавонанд дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ бошанд.
  2. Объектҳои табиӣ бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ, вазорату идораҳои манфиатдор, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгориҳои табиии давлатии дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ эълон карда мешаванд.
  3. Қарор дар бораи ёдгориҳои табиии давлатии маҳаллӣ эълон кардани объектҳои табиат аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ ва пешниҳоди ташкилотҳои манфиатдор қабул карда мешавад.
  4. Объектҳои табиӣ метавонанд бе гирифтани қитъаҳои замини заминистифодабарандагон ёдгориҳои табиии давлатӣ эълон карда шаванд.
Моддаи 39.Низоми ёдгориҳои табиии давлатӣ
  1. Дар ҳудуди ҷойгиршавии ёдгориҳои табиии давлатӣ, инчунин нисбати худи ёдгориҳо ҳама гуна фаъолияте, ки ба амнияти онҳо таҳдид карда метавонад, манъ аст.
  2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар заминҳои мавриди истифодаи онҳо ёдгориҳои табиии давлатӣ ҷойгиранд, ўҳдадоранд муҳофизати онҳоро таъмин намоянд. Мақомоте, ки дар бораи ёдгории табиии давлатӣ эълон кардани объекти табиӣ қарор қабул кардааст, онро барои муҳофизат супорида, ўҳдадории муҳофизат ва шиносномаи онро, ки дар он низоми ҳифзи ёдгориҳои табиат муайян мегардад, ба расмият медарорад.
  3. Хароҷоти таъмини низоми муқаррарнамудаи ҳифзи ёдгориҳои табиии давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, фондҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии ҳифзи муҳити зист ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, пўшонида мешавад.

Моддаи 40. Тартиби ташкили минтақаҳои экологию этнографӣ ва низоми онҳо

  1. Минтақаҳои экологию этнографӣ бо пешниҳоди мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешаванд.
  2. Фаъолияти хоҷагидорӣ дар ҳудуди минтақаҳои экологию этнографӣ набояд боиси хароб гаштани муҳити зисти аҳолӣ ва захираҳои биологӣ гардад. Дар маҳалҳои зисти доимии аҳолии таҳҷоии минтақаҳои экологию этнографӣ танҳо ба фаъолияти маҳдуди анъанавии хоҷагидорӣ роҳ дода мешавад.
  3. Минтақаҳои экологию этнографӣ дар ихтиёри Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, оид ба ҳар яки онҳо низомномаи алоҳида қабул қарда мешавад.

БОБИ 9. ПАРКҲОИ ДЕНДРОЛОГӢ ВАБОҒҲОИ БОТАНИКӢ

Моддаи 41.Мақоми паркҳои дендрологӣ ва боғҳои ботаникӣ
  1. Паркҳои дендрологӣ ва боғҳои ботаникӣ метавонанд шахси ҳуқуқии мустақил бошанд ва аз буҷети давлатӣ таъмин карда шаванд ё ба сохтори муассисаҳои таҳқиқоти илмӣ ё таълимӣ дохил шуда, дар тавозуни онҳо қарор дошта бошанд.
  2. Замини паркҳои дендрологӣ ва боғҳои ботаникӣ аз истифодаи хоҷагидорӣ гирифта, барои истифодаи бемўҳлат ба онҳо дода мешавад.

Моддаи 42. Тартиби ташкил кардани паркҳои дендрологӣ ва боғҳои ботаникӣ ва низоми онҳо

  1. Паркҳои дендрологӣ ва боғҳои ботаникӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дархости мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ё аз тарафи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо дархости ташкилотҳои манфиатдор ташкил карда мешаванд.
  2. Дар ҳудуди паркҳои дендрологӣ ва боғҳои ботаникӣ ҳама гуна фаъолияте, ки бо иҷрои вазифаҳои онҳо алоқаманд нест ва ба мавҷудияти набототи худрўи табиӣ ва боғӣ таҳдид мекунад, манъ аст.
  3. Ҳудудҳои паркҳои дендрологӣ ва боғҳои ботаникӣ метавонанд ба минтақаҳои зерин тақсим шаванд:

— намоишӣ, ки воридшавӣ ба он бо тартиби муайянкардаи маъмурият иҷозат дода мешавад;

— илмию таҷрибавӣ, ки ҳуқуқи ворид шудан ба онро танҳо кормандони илмии паркҳои дендрологӣ ва боғҳои ботаникӣ, инчунин мутахассисони муассисаҳои дигари илмӣ доранд;

— мамнўӣ, ки нигоҳдории комплексҳо ва объектҳои растаниҳои муқаррарӣ ва нодири табииро таъмин менамояд;

— маъмурӣ.

  1. Вазифаҳои мушаххас, соҳаи фаъолияти илмӣ, вазъи ҳуқуқӣ, сохти ташкилӣ, хусусиятҳои низом ва ҳифзи паркҳои дендрологӣ ва боғҳои ботаникӣ дар низомномаҳои онҳо муайян карда мешаванд.

БОБИ 10. МИНТАҚАҲОИ ТАБИИИ ОСОИШӢ, ТАБОБАТИЮ СОЛИМГАРДОНӢ ВА РЕКРЕАТСИОНӢ

Моддаи 43. Тартиби ташкил ва низоми минтақаҳои табиии осоишӣ ва табобатию солимгардонӣ

  1. Минтақаҳои осоишӣ ва табобатию солимгардонии табиӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда мешаванд.
  2. Бо мақсади ҳифзи хусусиятҳои табиӣ ва воситаҳои табобатии минтақаҳои табобатию солимгардонӣ, ҳифзи онҳо аз вайроншавию олудашавӣ ва бармаҳал харобшавӣ минтақаҳои ҳифзи санитарӣ муқаррар карда мешаванд.
  3. Дар минтақаҳои ҳифзи санитарӣ анҷом додани корҳое, ки хок, манбаъҳои об ва ҳавои атмосфераро олуда сохта, ба ҷангалзор зарар ва ба хосиятҳои муолиҷавӣ ва табобати санаторӣ таъсири манфӣ мерасонанд, манъ аст.

Моддаи 44. Тартиби ташкил ва низоми минтақаҳои табиии рекреатсионӣ

  1. Минтақаҳои табиии рекреатсионӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи пешниҳоди мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дар мувофиқа бо заминистифодабарандагони манфиатдор эълон карда мешаванд.
  2. Дар минтақаҳои рекреатсионӣ фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияте, ки ба муҳити зист таъсири манфӣ расонида, манзараҳои табиатро ҷиддӣ тағйир медиҳад ё ба истифодаи ин минтақаҳо тибқи таъиноташон монеъ мешавад, манъ аст.
  3. Минтақаҳои табиии рекреатсионӣ барои истироҳати муташаккилонаи аҳолӣ ва туризм мувофиқи шартномаҳое, ки муассисаҳо, корхонаҳо ва дигар ташкилотҳо бо заминистифодабарандагони асосӣ мебанданд, истифода карда мешаванд.
  4. Низоми минтақаи табиии рекреатсионӣ бонизомномаи он, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, муайян мегардад.

БОБИ 11. ҲУДУДҲОИ ТАБИИИ МАХСУС МУҲОФИЗАТШАВАНДАИ ДОРОИ АҲАМИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Моддаи 45.Резерватҳои биосферии давлатӣ
  1. Мамнўъгоҳҳои табиии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд барои дохил кардан ба Шабакаи ҷаҳонии резерватҳои биосферӣ пешниҳод карда шаванд. Қарор дар бораи пешниҳоди мамнўъгоҳҳои табиии давлатӣ ба Шабакаи ҷаҳонии резерватҳои биосферӣ дар асоси пешниҳоди якҷояи мақомоти ваколатдори давлатӣ ва муассисаи ваколатдори илмӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад. Дар сурати дохил кардан ба Шабакаи ҷаҳонии резерватҳои биосферӣ мамнўъгоҳҳои табиии давлатӣ дорои аҳамияти байналмилалӣ мегарданд.
  2. Мамнўъгоҳҳои табиии давлатии дорои мақоми резерватҳои биосферӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ идора карда мешаванд. Низомномаи мамнўъгоҳҳои табиии давлатии дорои мақоми резерватҳои биосферӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда мешавад.
  3. Дар ҳудуди мамнўъгоҳҳои табиии давлатии дорои мақоми резерватҳои биосферӣ минтақаҳои зерини функсионалӣ пешбинӣ карда мешаванд:

— минтақаи марказӣ (ядро) – минтақа бо низоми қатъии муҳофизатие, ки танҳо барои ҳифзи гуногунии биологӣ ва ландшафтӣ ва муҳайё сохтани шароити рушди биогеосенозҳо пешбинӣ шудааст. Дар минтақаи марказӣ ҳама гуна фаъолияти хоҷагидорӣ, ба ғайр аз таҳқиқотҳои илмӣ ва гузаронидани мониторинги ҷараёнҳои табиӣ манъ аст;

— минтақаи муҳофизатӣ (буферӣ) – қисми ҳудуде, ки одатан минтақаи марказиро иҳота мекунад ё бо он ҳамсарҳад буда, барои амалӣ намудани фаъолияти аз назари экологӣ бехатар, аз ҷумла дар бахши маърифати экологӣ, фароғат, туризми экологӣ, инчунин гузаронидани таҳқиқотҳои илмӣ истифода мешавад;

— минтақаи гузариш – қисми ҳудуде, ки ба дигар заминистифодабарандагон тааллуқ дорад ва барои пешбурди фаъолияти хоҷагидории раванди экологидошта, ки ба комплексҳо ва объектҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда зарар намерасонад, истифода мешавад.

Моддаи 46.Паркҳо ва мамнўъгоҳҳои табиии байнидавлатӣ
  1. Паркҳо ва мамнўъгоҳҳои табиии байнидавлатӣ дар асоси шартномаҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешаванд.
  2. Низоми паркҳо ва мамнўъгоҳҳои табиии байнидавлатӣ тибқи созишномаҳои байнидавлатӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати (давлатҳои) иштирокчии созишномаҳои мазкур муайян карда мешавад.

Моддаи 47. Заминҳои обию ботлоқии дорои аҳамияти байналмилалӣ

  1. Кўлу ботлоқзорҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ минтақаҳое мебошанд, ки ба сифати макони зисти олами набототу ҳайвоноти маъмул, хусусан, паррандагони обии муҳоҷирхизмат мекунанд.
  2. Кўлу ботлоқзорҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ метавонанд ба мамнўъгоҳҳои табиии давлатӣ, паркҳои табиии миллӣ ва дигар намудҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дохил карда шаванд.
  3. Дар ҳудуди кўлу ботлоқзорҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ низоми мамнўӣ, парваришгоҳ ё ин ки низоми фаъолияти хоҷагидории танзимшаванда муқаррар карда мешавад.

БОБИ 12. ТАРТИБИ ҲИФЗИ ҲУДУДҲОИ ТАБИИИ

МАХСУС МУҲОФИЗАТШАВАНДА

Моддаи 48. Тартиби ҳифзи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда

  1. Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда аз тарафи мақомоте, ки ин ҳудудҳодар ихтиёрашон мебошанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд.
  2. Кормандони хадамоти муҳофизати ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандааз ҷумлаи кормандони мамнўъгоҳ ва паркҳои табиии давлатӣ мебошанд.
  3. Директорони мамнўъгоҳ ва паркҳои табиии давлатӣ сарнозирони давлатии муҳофизати ин ҳудудҳо мебошанд.

Моддаи 49. Ҳуқуқҳои нозирони давлатии муҳофизати мамнўъгоҳ ва паркҳои табиии давлатӣ

  1. Кормандони мамнўъгоҳ ва паркҳои табиии давлатӣ, ки нозирони давлатии ҳифзи ҳудудҳои мазкур мебошанд, ҳуқуқ доранд аз тамоми ҳуқуқу имтиёзҳои нозирони давлатии ҳифзи муҳити зист ва ҷангал истифода баранд.
  2. Қарорҳои дар доираи ваколатҳои худ қабулнамудаи нозирони давлатии ҳифзи мамнўъгоҳ ва паркҳои табиии давлатӣ барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳатмӣ буда, нисбати онҳо ба суд шикоят кардан мумкин аст.
  3. Нозирони давлатии ҳифзи мамнўъгоҳ ва паркҳои табиии давлатӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба нигоҳ доштан, бо худ гирифта гаштан ва истифода бурдани воситаҳои махсус ва силоҳи хизматӣ тибқи тартиби муқарраргардида ҳуқуқ доранд. (ҚҶТ аз 27.11.2014,№1159)
  4. Нозирони давлатии ҳифзи мамнўъгоҳ ва паркҳои табиии давлатӣ мавриди суғуртаи ҳатмӣ қарор мегиранд ва дар сурати маъюб шудан ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба ҷуброни зарар ҳуқуқ доранд.

Моддаи 50. Назорати ҷамъиятӣ дар бахши ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда

Назорати ҷамъиятӣ дар бахши ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда аз ҷониб ва бо ташаббуси ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ мегардад.

БОБИ 13. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 51. Ҳамкории байналмилалӣ дар бахши ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда

  1. Ҳамкории байналмилалӣ дар бахши ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ба роҳ монда мешавад.
  2. Дар сурати мухолифат кардани меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ амал менамоянд.
Моддаи 52.Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 53. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 1996 «Дар бораи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳоимахсус муҳофизатшаванда» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, №23, мод. 353; с. 1998, №10, мод. 125; с. 2002, №4, қ. 1, мод. 272) аз эътибор соқит дониста шавад.

Моддаи 54. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                 Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 26 декабри соли  2011,

№ 788

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *