Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(АМОҶТ с. 2008, №12, қ 1, мод. 989. мод.990;  с. 2009, №5, мод. 321; с. №9-10 мод.543; с.2010, №1, м. 2, мод.5, №3, мод.153, №7, мод.547, №12, қ.1, м.812; с.2011,№6, мод. 430, 431,№7-8, мод.610, №12, мод.838; с.2012, №4, мод.256, №7, мод.685,мод. 693, №8, м. 814,  №12, қ.1, м.1004; с.2013, №3, м.181; №7, м. 508;  с. 2014, №3, м.143, м.144; с.2014, №7,қ.1, мод.389,мод.390; с.2015, №3,мод.201; №7-9, мод.707, мод.708; №11, мод.955,№12,қ.1, мод.1108; с.2016, №3, мод.130,мод.131, мод.132;с.2016, №5, мод.359, мод.361;№7,мод.613, мод.614;№11, мод.877)

ФАСЛИ I.  ҚИСМИ УМУМӢ

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

  1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвай-ронкунии маъмурӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
  2. Дар ҳолати ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқат накардани меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ амал мекунанд.

Моддаи 2. Вазифаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Вазифаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳифзи саломатӣ, таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ, ҳифзи ахлоқи ҷамъиятӣ, солимгардонии муҳити зист, ҳифзи тартиби муқарраргардидаи амалӣ кардани ҳокимияти давлатӣ, тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ, моликият, ҳимояи манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ҷамъият ва давлат аз ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, инчунин таъмини баррасии саривақтӣ ва дурусти парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ иборат мебошад.

Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда»

(АМОҶТ с. 2011, №12, мод.852; с.2014,№11,мод.668)

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаро муайян карда, вазифаҳо, низоми фаъолият ва минтақабандии онҳоро муқаррар менамояд.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1.Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

— ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда — қитъаҳои замин, об ва фазои онҳоро иҳотакардае, ки дар онҳо комплексҳо ва объектҳои табиии дорои аҳамияти махсуси ҳифзи муҳити зист, илмӣ, фарҳангӣ, эстетикӣ, рекреатсионӣ ва солимгардонӣ ҷойгир буда, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ва ё қисман аз истифодабарии хоҷагидорӣ гирифта шудаанд ва барои онҳо низоми махсуси ҳифз муқаррар шудааст;

— мамнўъгоҳи табиӣ — ҳудуди замин ё муҳити об, ки аз фаъолияти хоҷагидорӣ пурра гирифта шуда, барои нигоҳдорӣ ва омўзиши комплексҳои табиии хос ва нодир, генофонди набототу ҳайвонот, гузаронидани мониторинги ҷараёни равандҳо ва ҳодисаҳои табиӣ пешбинӣ гардидааст;

— парки табиӣ — ҳудуде, ки комплексҳои табиии дорои аҳамияти махсуси экологӣ, таърихӣ ва эстетикиро дар бар гирифта, барои мақсадҳои ҳифзи муҳити зист, рекреатсионӣ, илмӣ ва фарҳангӣ пешбинӣ шудааст;

— резервати биосферӣ — қитъаи экосистемаи замин ва об ё ҳамбастагии онҳо, ки ба Шабакаи ҷаҳонии резерватҳои биосферӣ дохил гардида, барои ҳифзи арзишҳои табиӣ ва фарҳангӣ, истифодаи устувори замин, аз ҷумла заминҳои таъиноти кишоварзӣ, фонди ҷангал, ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва маҳалҳои аҳолинишини деҳот пешбинӣ шудааст;

— парваришгоҳи табиӣ — ҳудуде, ки бо мақсади нигоҳ доштан ва барқарор намудани ҷузъҳои алоҳидаи табиат ва комплексҳои табиӣ ба давраи муайян ҷудо гардидааст;

— ёдгории табиӣ — объекти табиии нодир, барқарорнашаванда ва аз ҷиҳати экологӣ, илмӣ, эстетикӣ ва фарҳангӣ пурарзиш;

— минтақаи рекреатсионӣ —қитъаи замин, муҳити об ё ҳамбастагии онҳо, ки аҳамияти эстетикӣ, экологӣ ва фарҳангӣ дошта, бо мақсадҳои истироҳату солимгардонии аҳолӣ истифода мешавад;

— минтақаи муҳофизатӣ (буферӣ) — минтақае, ки бо мақсади кам кардани таъсири номатлуби беруна дар атрофи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда бунёд карда мешавад;

— Кадастри давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда — маҷмўи маълумот дар бораи вазъи ҳуқуқӣ, мавқеи ҷуғрофӣ, тавсифҳои миқдорӣ ва сифатӣ, арзишҳои экологӣ, иқтисодӣ, илмӣ, маърифатӣ ва дигар арзишҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва истифодабарандагони онҳо;

— Солномаи табиат — ҳуҷҷати илмӣ, ки дар он натиҷаҳои асосии мушоҳидаҳо оид ба раванд ва зуҳуроти табиӣ, таҳлили маълумоти бадастомада, инчунин қонуниятҳои зоҳиршудаи раванду зуҳуроти табиии мушоҳидашаванда, сабабҳои ба вуҷуд омадан ва дурнамои рушди минбаъдаи онҳо сабт карда мешаванд;

— туризми экологӣ – туризме, ки саёҳат ба ҷойҳои нисбатан дастнарасидаи табиат бо мақсади дарёфти маълумот оид ба хусусиятҳои табиӣ ва фарҳангию этнографии маҳал, дар як вақт халалдор насохтани ягонагии системаҳои экологиро дар бар гирифта, ба ҳифзи муҳити зист ва захираҳои табиӣ манфиатдор гаштани аҳолии маҳал шароити иқтисодӣ фароҳам меоварад;

— паркҳои дендрологӣ ва боғҳои ботаникӣ — муассисаҳое, ки вазифаи онҳо ташкили коллексияи дарахту буттаҳо бо мақсади ҳифзи гуногунии биологӣ ва ғанӣ гардонидани олами наботот, интродуксия ва мутобиқсозии намудҳои нави растанӣ, инчунин бо мақсадҳои илмӣ, таълимӣ ва фарҳангию маърифатӣ мебошад.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Категорияҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда

  1. Вобаста ба мақсадҳои ташкил, хусусиятҳои низоми муҳофизат ва истифода категорияҳои зерини ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда муқаррар карда мешаванд:

— мамнўъгоҳҳои табиии давлатӣ;

— паркҳои табиии давлатӣ;

— парваришгоҳҳои табиӣ;

— боғҳои давлатии ҳайвонот;

— ёдгориҳои табиии давлатӣ;

— минтақаҳои экологию этнографӣ;

— паркҳои дендрологӣ ва боғҳои ботаникӣ;

— минтақаҳои табиии осоишӣ, табобатию солимгардонӣ ва рекреатсионӣ.

  1. Мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дигар категорияҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда муқаррар карда шаванд.
  2. Бо назардошти арзиши экологӣ ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда метавонанд дорои аҳамияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ бошанд.

Моддаи 4. Моликияти давлатӣ будани ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда

  1. Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда моликияти истисноии давлат буда, давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.
  2. Амалҳое, ки ошкоро ё пинҳонӣ ҳуқуқи моликияти давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаро вайрон мекунанд, манъ мебошанд.

БОБИ 2. ИДОРАКУНИИ ҲУДУДҲОИ ТАБИИИ

МАХСУС МУҲОФИЗАТШАВАНДА

Моддаи 5. Идоракунии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда

  1. Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда (минбаъд — мақоми ваколатдори давлатӣ), мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо ва ташкилотҳое, ки ҳудудҳои мазкур дар ихтиёри онҳо мебошанд, идора карда мешаванд. Назорати давлатии ҳолат ва риояи низоми ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаро мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ месозад.
  2. Фаъолият оид ба амалӣ сохтани назорати давлатӣ ва идоракунии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар минтақаҳои сарҳадӣ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад. Тадбирҳои мушаххас дар ин ҳудудҳо бо иҷозати мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи сарҳади давлатӣ амалӣ карда мешаванд.

Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда

  1. Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дохил мешаванд:

— пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ оид ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;

— ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба ҳифз ва идоракунии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;

— қабули қарорҳо оид ба ташкил ва барҳам додани ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ;

— тасдиқи барномаҳои давлатӣ ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;

— муайян намудани мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;

— ба роҳ мондани ҳамкории байналмилалӣ оид ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;

— амалӣ сохтани салоҳияти дигар, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.

Моддаи 7.Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ
  1. Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дохил мешаванд:

— татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ оид ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;

— ташкили мониторинги ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;

— амалӣ намудани назорати давлатӣ;

— таҳияи барномаҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;

— пешниҳоди даъво оид ба ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи риоя накардани қонунгузории ҳифзи муҳити зист ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда расонида шудааст;

— амалӣ сохтани ваколатҳои дигар, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.

Моддаи 8. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда

Ба ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дохил мешаванд:

— мусоидат ба иҷрои барномаҳои давлатӣ оид ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;

— муайян кардани чораҳои асосии ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, тасдиқи барномаҳои маҳаллии экологӣ;

— ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти мақомоти маҳаллии идоракунӣ доир ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, мусоидат ба ҷалби ихтиёрии маблағ барои иҷрои тадбирҳои ҳифз ва барқарорсозии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;

— амалӣ сохтани ваколатҳои дигар, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.

Моддаи 9. Иштироки ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон дар ташкил, ҳифз ва истифодаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда

Ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон дар амалӣ сохтани тадбирҳо оид ба ташкил, ҳифз ва истифодаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд.

Моддаи 10. Кадастри давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда

  1. Пешбурди Кадастри давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда бо мақсади арзёбии вазъи фонди табиӣ, муайян намудани дурнамои рушд ва таъмини ҳифзи онҳо, гузаронидани таҳқиқоти илмӣ, назорати давлатии ҳифзи генофонд ва риояи низоми дахлдор, инчунин ба назар гирифтани ҳудудҳои мазкур ҳангоми банақшагирии тараққиёти иҷтимоию иқтисодӣ ва ҷойгиронии нерўҳои истеҳсолии минтақа амалӣ карда мешавад.
  2. Пешбурди Кадастри давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда тибқи системаи ягонаи таҳиякардаи мақоми ваколатдори давлатӣ бо иштироки дигар вазорату идораҳои манфиатдор, амалӣ карда мешавад. Тартиби пешбурди Кадастри давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Моддаи 11. Банақшагирии тадбирҳои ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда

  1. Тадбирҳои ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар консепсия, стратегия ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ пешбинӣ карда мешаванд. Тадбирҳои ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда бо назардошти мутобиқати манфиатҳои аз ҷиҳати илмӣ асоснокшудаи иқтисодӣ ва экологии ҷомеа ба нақша гирифта мешаванд.
  2. Банақшагирии ҷорӣ ва дарозмўҳлати тадбирҳои ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар таркиби консепсия, стратегия ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, дар асоси барномаи экологии давлатӣ ва нақшаи генералии рушд ва ҷойгиронии нерўҳои истеҳсолӣ, соҳаҳои иқтисодиёт бо назардошти иқтидори захираҳои табиии ҷумҳурӣ ва минтақаҳои алоҳидаи он анҷом дода мешавад.
  3. Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ҳангоми таҳияи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии минатақаҳо, нақшаҳои заминсозӣ ва тарҳи ноҳияҳо ба ҳисоб гирифта мешаванд.
  4. Банақшагирии тадбирҳои ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳое, ки ин ҳудудҳо дар ихтиёри онҳо мебошанд, амалӣ мегардад.

Моддаи 12. Таъминоти моддию техникӣ ва маблағгузории тадбирҳои ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда

  1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият ва тобеият, барои таъминоти моддию техникии тадбирҳои ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда чораҳои зарурӣ меандешанд.
  2. Тадбирҳои ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда аз ҳисоби манбаъҳои зерин маблағгузорӣ карда мешаванд:

— буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ;

— фондҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии ҳифзи муҳити зист;

— маблағҳои корхона, муассиса ва дигар ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият;

— кўмаки ихтиёрии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

— дигар намудҳои маблағгузорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

БОБИ 3. ТАШКИЛИ ҲУДУДҲОИ ТАБИИИ МАХСУС МУҲОФИЗАТШАВАНДА

Моддаи 13. Тартиби ташкили ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда

Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ тибқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешаванд.

Моддаи 14.Минтақаҳои муҳофизатӣ (буферӣ)
  1. Ҳангоми зарурати пешгирӣ ё кам кардани таъсироти зарарнок ба комплексҳои табиии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар атрофи ин ҳудудҳо метавонанд минтақаҳои муҳофизатӣ (буферӣ) бо фаъолияти хоҷагидории маҳдуд муқаррар карда шаванд.
  2. Дар минтақаҳои муҳофизатӣ (буферӣ) намудҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва истифодаи табиат, ки ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда таъсири манфӣ мерасонанд, манъ аст.
  3. Андозаҳои минтақаҳои муҳофизатӣ (буферӣ) ва низоми онҳо аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 15.Гузаргоҳҳои экологӣ
  1. Гузаргоҳҳои экологӣ барои таъмини алоқаи бефосила миёни ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва дигар ҳудудҳои табиии муҳофизатшавандаи шабакаи экологӣ бо мақсади нигоҳ доштани объектҳои фонди давлатии мамнўию табиӣ, гуногунии биологӣ, ҳифзи гузаргоҳҳои табиии муҳоҷирати ҳайвонот ва густариши наботот, ки дар ҳудудҳои табиии муҳофизатшавандаи мазкур ҷойгиранд ва мерўянд, ташкил карда мешаванд.
  2. Дар қитъаҳои гузаргоҳҳои экологӣ низоми танзимшавандаи истифодаи замин муқаррар карда мешавад, ки он ҳифзи ҳайвоноти ваҳширо дар ҷойҳои зисти муваққатиашон ва дар давраи ҷойивазкунӣ ҳангоми муҳоҷират, инчунин ҳифзи ҷойҳои нашъунамои растаниҳои ёбоиро таъмин менамояд.
  3. Марз, масоҳат ва низоми муҳофизати гузаргоҳҳои экологӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ якҷоя бо мақоми ваколатдори давлатӣ муайян карда мешаванд.

Моддаи 16. Заминҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда

Заминҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ба гурўҳҳои заминҳои фонди давлатии ҷангал, таъиноти ҳифзи табиат, солимгардонӣ, рекреатсионӣ ва таърихию фарҳангӣ тааллуқ доранд. Дар заминҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда фаъолият бар хилофи таъиноти мақсадноки онҳо манъ аст.

Моддаи 17. Тартиби захираи заминҳо барои ташкили ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда

  1. Қитъаҳои замин бо мақсади ташкили ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда бо қарори раисони шаҳр ва ноҳияҳо дар асоси пешниҳоди якҷояи мақоми ваколатдори давлатӣ ва муассисаи ваколатдори илмӣ захира карда мешаванд.
  2. Дар мавриди захира кардани заминҳо барои ташкили ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва минтақаҳои муҳофизатии (буферии) онҳо зарари заминистифодабарандагон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.
  3. Дар мавриди гирифтани заминҳои фонди давлатии ҷангал ва захираи давлатии замин ба мақсади ташкили ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ба муассисаҳои ҳифзи муҳити зист ва ташкилотҳои дигар, ки заминҳои мазкур дар тавозуни онҳо мебошанд, зарар ҷуброн карда намешавад.

Моддаи 18. Дастрасии шаҳрвандон ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда

  1. Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ба истиснои минтақаҳое, ки низоми қатъии муҳофизатӣ доранд, дастраси умум буда, аз ҷониби шаҳрвандон ба мақсадҳои рекреатсионӣ, солимгардонӣ, фарҳангӣ ва туризми экологӣ истифода мегарданд.
  2. Дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, ба истиснои минтақаҳои низоми қатъии муҳофизатидошта, истиқомати начандон зичи аҳолии таърихан муқимӣ, бо шарти нигоҳ доштани мувозинати экологии ҳудуди мазкур иҷозат дода мешавад.
  3. Туризми экологӣ дар замони муайян ва аз рўи хатсайрҳои пешакӣ муқарраргардида, тибқи қоидаҳои боздиди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, ки мақоми ваколатдори давлатӣ муайян кардааст, анҷом дода мешавад. Мақоми ваколатдори давлатӣ ё ташкилотҳое, ки ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар ихтиёри онҳо мебошанд, бо мақсади ҳифзи намудҳои нодир ва аз байн равандаи олами набототу ҳайвонот ва муҳити зисти (сабзиши) онҳо, метавонанд туризми экологиро дар минтақаҳои алоҳидаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда манъ намоянд.
  4. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии машғули туризми экологӣ бояд бо мақомот ё ташкилотҳое, ки ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар ихтиёрашон аст, оид ба таъмини риояи низоми онҳо ва қоидаҳои туризми экологӣ шартнома банданд, хатсайр ва дигар шартҳоро мувофиқа созанд.
  5. Воридшавӣ ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда бо мақсади туризми экологӣ метавонад музднок бошад. Андоза ва тартиби пардохти музди туризми экологиро дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. Маблағҳое, ки аз туризми экологӣ дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ба даст меоянд, барои нигоҳдорӣ, таъмини мақсаду вазифаҳо ва низоми ин ҳудудҳо истифода мешаванд.

Моддаи 19. Тартиби таҷдид, боздоштани фаъолият ва барҳам додани ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда

  1. Таҷдид, боздоштани фаъолият ва барҳам додани ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ тибқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд.
  2. Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ҳангоми зарурати тағйир додани намуд ва категорияи онҳо мавриди таҷдид қарор мегиранд.
  3. Фаъолияти ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар ҳолатҳои зерин боздошта ё барҳам дода мешаванд:

— ба охир расидани мўҳлати фаъолият;

— расонидани зарари ҷуброннопазир дар натиҷаи офатҳои табиӣ ва амалҳои дорои хусусияти техногенӣ;

— гирифтани замини ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда барои дигар мақсадҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ.

БОБИ 4. МАМНЎЪГОҲҲОИ ТАБИИИ ДАВЛАТӢ

Моддаи 20.Вазифаҳои мамнўъгоҳҳои табиии давлатӣ

Ба зиммаи мамнўъгоҳҳои табиии давлатӣ вазифаҳои зайл гузошта мешаванд:

— ҳифзи гуногунии биологӣ бо роҳи нигоҳ доштани тамомияти комплекси табиии мамнўъгоҳ;

— пешбурди мониторинги биологӣ;

— гузаронидани таҳқиқоти илмӣ;

— иштирок дар экспертизаи экологии лоиҳаҳо ва нақшаҳои ҷойгиронии объектҳои хоҷагидорӣ ва дигар объектҳое, ки амалигардонии онҳо метавонад ба комплексҳои табиии мамнўъгоҳҳо ва минтақаҳои муҳофизатии онҳо таъсири манфӣ расонад;

— мусоидат дар тайёр намудани кормандони илмӣ ва мутахассисони соҳаи ҳифзи муҳити зист;

— густариши донишҳои экологӣ.

Моддаи 21.Тартиби ташкили мамнўъгоҳҳои табиии давлатӣ
  1. Қарордар бораи ташкили мамнўъгоҳҳои табиии давлатӣ, инчунин тағйир додани ҳудуди онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ ва дар мувофиқа бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қабул карда мешавад.
  2. Барои ташкили мамнўъгоҳҳои табиии давлатӣ розигии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар ин ҳудуд бо фаъолияти хоҷагидорӣ ва истифодаи табиат машғуланд, зарур нест.
  3. Барои ташкили мамнўъгоҳҳои табиии давлатӣ замин мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта мешавад.
Моддаи 22.Идораи мамнўъгоҳҳои табиии давлатӣ
  1. Мамнўъгоҳҳои табиии давлатӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тибқи Қонуни мазкур идора карда мешаванд.
  2. Нақшаҳои идоракунии мамнўъгоҳҳои табиии давлатӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ гардида, ба маълумоти мақомоти дахлдори давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон расонида мешаванд. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии манфиатдор метавонанд ба таҳияи нақшаи идоракунӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда шаванд. (ҚҶТ аз 27.11.2014,№1159)
Моддаи 23.Низоми мамнўъгоҳҳои табиии давлатӣ
  1. Дар ҳудудимамнўъгоҳҳои табиии давлатӣ фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияте, ки рушди муқаррарии равандҳои табииро халалдор сохта, ба ҳолати комплексу объектҳои табиӣ таҳдид мекунанд ва бо иҷрои вазифаҳои мамнўъгоҳ вобаста нестанд, манъ аст.
  2. Дар ҳудуди мамнўъгоҳҳои табиии давлатӣ ва минтақаҳои муҳофизатии (буферии) онҳо мутобиқсозии растанӣ ва ҳайвоноти ба ин минтақаҳо хос набуда манъ аст.
  3. Дар мамнўъгоҳҳои табиии давлатӣ амалӣ намудани тадбирҳои зерин мумкин аст:

— тадбирҳои нигоҳдошт, барқарорсозӣ ва пешгирии дигаргуншавии комплексҳои табиӣ дар натиҷаи таъсири антропогенӣ, инчунин иҷрои вазифаҳои илмию таҳқиқотии ба зиммаи мамнўъгоҳ гузошташуда;

— тадбирҳои зидди сўхтор ва санитарӣ, инчунин намудҳои дигари фаъолияти маҳдуди хоҷагидорӣ ва истифодаи табиат, ки барои иҷрои вазифаҳои мамнўъгоҳи давлатӣ заруранд.

  1. Дар ҳудуди мамнўъгоҳҳои табиии давлатӣ будубоши шаҳрвандон, ба ғайр аз кормандони мамнўъгоҳ ва шахсоне, ки назорати давлатиро амалӣ менамоянд, танҳо бо иҷозати маъмурияти мамнўъгоҳҳо мумкин аст.
  2. Дар минтақаҳои ҳамшафати мамнўъгоҳҳои табиии давлатӣ сохтмони объектҳои нави хоҷагидорӣ ва анҷом додани дигар фаъолияте, ки ба низоми мамнўъгоҳҳо таҳдид карда, боиси афзоиши ғилзати заминавии моддаҳои ифлоскунанда ё тағйирёбии низоми гидрологии ҳудуди мамнўъгоҳҳо мегардад, танҳо дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ анҷом дода мешаванд.

Моддаи 24. Фаъолияти таҳқиқоти илмӣ дар мамнўъгоҳҳои табиии давлатӣ

  1. Фаъолияти таҳқиқоти илмӣ дар мамнўъгоҳҳои табиии давлатӣ тавассути таҳқиқоти доимии шабонарўзӣ ва бисёрсолаи комплексӣ, ки ба омўзиши комплексҳои табиӣ ва мушоҳидаҳои дарозмуддати ҷараёни равандҳои табиӣ бо мақсади арзёбӣ ва пешгўӣ кардани вазъи экологӣ, таҳияи асосҳои илмии ҳифзи муҳити зист, нигоҳ доштани гуногунии биосфера, барқарорсозӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ равона шудаанд, анҷом дода мешавад. Пешбурди «Солномаи табиат» барои тамоми мамнўъгоҳҳои табиии давлатӣ ҳатмист.
  2. Хусусиятҳои мушаххас, низом ва самти фаъолияти илмии мамнўъгоҳҳои табиии давлатӣдар низомномаҳои онҳо ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқмегарданд, муқаррар карда мешаванд.
  3. Дар мамнўъгоҳҳои табиии давлатӣ шўроҳои олимон ташкил кардан мумкин аст. Ҳайати шўрои олимон ва низомномаи онро мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ мекунад.
  4. Фондҳои илмии мамнўъгоҳҳои табиии давлатӣ бояд бемўҳлат нигоҳ дошта шаванд. Ба мамнўъгоҳҳои табиии давлатӣ ҳуқуқи нашри асарҳои илмӣ дода мешавад.

Моддаи 25. Истифодаи объектҳои мамнўъгоҳҳои табиии давлатӣ

Замину об, қаъри замин ва олами набототу ҳайвоноти ҳудуди мамнўъгоҳҳои табиии давлатӣ пурра ва ройгон барои истифодаи бемўҳлат ба мамнўъгоҳҳо дода мешаванд. Ба иҷора додани замин ва дигар захираҳои табиии мамнўъгоҳҳо манъ аст.

БОБИ 5. ПАРКҲОИ ТАБИИИ ДАВЛАТӢ

Моддаи 26. Мавқеи ҷойгиршавӣ ва вазифаҳои паркҳои табиии давлатӣ

  1. Ҳудуди паркҳои табиии давлатӣ дар заминҳое, ки барои истифодабарии онҳо дода мешаванд, инчунин дар заминҳои дигар истифодабарандагон ҷойгир мешаванд.
  2. Ба зиммаи паркҳои табиии давлатӣ вазифаҳои зерин гузошта мешаванд:

— ҳифз ва барқарорсозии комплексҳои табиии қитъа ва объектҳои табиии намунавӣ ва нодир;

— ҳифзи мероси фарҳангӣ (объектҳои этнографӣ, бостоншиносӣ, таърихӣ ва ландшафтҳои табиӣ);

— ташкили маърифати экологии аҳолӣ;

— таҳия ва татбиқи усулҳои илмии ҳифзи муҳити зист;

— муҳайё сохтани шароити мусоид барои туризми экологӣ.

Моддаи 27.Тартиби ташкили паркҳои табиии давлатӣ
  1. Паркҳои табиии давлатӣ метавонанд дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ (паркҳои табиии миллӣ) ва маҳаллӣ бошанд.
  2. Қарор дар бораи ташкили паркҳои табиии миллӣ ва тасдиқи низомномаи онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ қабул карда мешавад.
  3. Қарор дар бораи ташкили паркҳои табиии маҳаллӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар асоси пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ қабул карда мешавад.
Моддаи 28.Идораи паркҳои табиии давлатӣ
  1. Паркҳои табиии давлатӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тибқи Қонуни мазкур идора карда мешаванд.
  2. Нақшаҳои идоракунии паркҳои табиии давлатӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ гардида, ба маълумоти мақомоти дахлдори давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон расонида мешаванд. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии манфиатдор метавонанд ба таҳияи нақшаи идоракунӣ ҷалб карда шаванд.
Моддаи 29.Минтақабандӣ ва низоми паркҳои табиии миллӣ
  1. Минтақабандии паркҳои табиии миллӣ ва тағйир додани онҳо аз тарафи мақомоте, ки паркҳои табиии миллӣ дар ихтиёрашон мебошанд, амалӣ гашта, аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда мешавад.
  2. Дар ҳудуди паркҳои табиии миллӣ мутобиқи минтақабандии ҳудудҳои онҳо ва бо назардошти ҳолати комплексҳо ва объектҳои табиӣ ва имкониятҳои рекреатсионии онҳо низоми мухталифи ҳифз ва истифода муайян карда мешавад.
  3. Ҳудуди паркҳои табиии миллӣ ба минтақаҳои зерин ҷудо карда мешаванд:

— минтақаи мамнўъ – минтақае, ки дар он низоми манъи ҳама гуна фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият, ки ҳолати муқаррарии комплексҳо ва объектҳои табииро халалдор мекунад, пешбинӣ шудааст;

— минтақаи парваришгоҳ – минтақае, ки низоми он фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигарро дар мавсимҳои муайян, дар давраи муайян ба андозае, ки он ба ҳолати комплексҳои табиӣ ва рушди муқаррарии онҳо таъсири манфӣ нарасонад, пешбинӣ менамояд. Дар минтақаи парваришгоҳ муҳайё сохтани шароит барои истироҳати кўтоҳмуддати шаҳрвандон тавассути ташкили пайроҳаҳо, паноҳгоҳҳои хурд ва гўшаҳо барои мушоҳида иҷозат дода мешавад;

— минтақаи фаъолияти хоҷагидорӣ – минтақае, ки дар он истифодаи маҳдуди захираҳои табиӣ, инчунин истифодабарии замин, ки ба объектҳо ва комплексҳои табиии муҳофизатшаванда зарар намерасонад, пешбинӣ мешавад.

  1. Дар ҳудуди паркҳои табиии миллӣ амалҳои зерин манъ аст:

— буридани дарахту буттаҳо, ба истиснои буришҳои санитарӣва бо мақсадҳои нигоҳубин;

— фаъолияти корхонаҳое, ки хатари экологӣ доранд;

— ҷойгиронии организмҳои зинда бо мақсади мутобиқгардонӣ;

— гўронидани ҳама гуна партовҳо.

  1. Тибқи низомномаи паркҳои табиии миллӣ намудҳои фаъолияти дигаре, ки боиси коҳиш ёфтани арзишҳои табиӣ, илмӣ, эстетикӣ ва фарҳангии ҳудуди онҳо мегарданд, метавонанд манъ ва ё маҳдуд карда шаванд.
  2. Сохтмони роҳ ва хатҳои қубурҳои магистралӣ, хатҳои барқ ва дигар коммуникатсияҳо, ки ба фаъолияти паркҳои табиии миллӣ алоқаманд нестанд, танҳо бо иҷозати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ карда мешаванд.

БОБИ 6. ПАРВАРИШГОҲҲОИ ТАБИӢ

Моддаи 30.Намудҳои парваришгоҳҳои табиӣ
  1. Парваришгоҳҳои табиӣ метавонанд давлатӣ ва хусусӣ бошанд.Парваришгоҳҳои табиии давлатӣ метавонанд дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ бошанд. Парваришгоҳҳои хусусӣ танҳо аҳамияти маҳаллӣ доранд.
  2. Парваришгоҳҳои табиии давлатӣ аз рўи таъинот ба намудҳои зерин тақсим мешаванд:

— ландшафтӣ (комплексӣ) – барои ҳифз ва барқарорсозии ландшафтҳо ва комплексҳои пурарзиши табиӣ;

— биологӣ (ботаникӣ, зоологӣ) – барои ҳифз ва барқарорсозии намудҳои пурарзиш, нодир ва зери таҳдиди нобудшавӣ қарордоштаи олами набототу ҳайвонот;

— палеонтологӣ – барои ҳифзи намудҳои алоҳидаи биологии ниҳоят қадим ва маҷмўи онҳо;

— гидрологӣ (ботлоқӣ, кўлӣ, дарёӣ) – барои ҳифзи объектҳои муҳими об ва акваторияи онҳо;

— геологӣ ва минералогӣ – барои ҳифзи намудҳои нодири геологӣ ва минералогӣ.

Моддаи 31.Тартиби ташкили парваришгоҳҳои табиӣ
  1. Парваришгоҳҳои табиии давлатии дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонбо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ ташкил карда мешаванд.
  2. Парваришгоҳҳои табиии давлатии дорои аҳамияти маҳаллиро мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ташкил менамоянд.
  3. Қитъаҳои замин метавонанд бе гирифтан аз заминистифодабарандагон парваришгоҳи табиии давлатӣ эълон карда шаванд.
  4. Парваришгоҳҳои хусусӣ бо қарори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар асоси дархости шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии манфиатдор дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ ва муассисаи ваколатдори илмӣ ташкил карда мешаванд.
  5. Парваришгоҳҳо метавонанд бемўҳлат ё ба мўҳлати то даҳ сол ташкил карда шаванд.

Моддаи 32. Тобеият ва маблағгузории парваришгоҳҳои табиии давлатӣ

  1. Парваришгоҳҳои табиии давлатии дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ дар тобеияти мақоми ваколатдори давлатӣ буда, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ карда мешаванд.
  2. Тобеият ва тартиби маблағгузории парваришгоҳҳои табиии давлатии дорои аҳамияти маҳаллӣ аз тарафи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки дар бораи ташкили онҳо қарор қабул мекунад, муайян карда мешаванд.
Моддаи 33.Низоми парваришгоҳҳои табиии давлатӣ
  1. Дар ҳудуди парваришгоҳҳои табиии давлатӣ ҳама гуна фаъолияти хилофи вазифаҳои парваришгоҳ манъ ё маҳдуд карда мешавад.
  2. Вазифаҳои мушаххас ва хусусиятҳои низоми ҳар парваришгоҳи табиии давлатӣ бо низомномаи он муайян карда мешавад.
  3. Корхонаю муассиса ва дигар ташкилотҳое, ки дар замини онҳо парваришгоҳи табиии давлатӣ ташкил карда шудааст, вазифадоранд низоми муқарраргардидаи парваришгоҳро риоя намоянд.
Моддаи 34.Низоми парваришгоҳҳои табиии хусусӣ
  1. Низоми парваришгоҳҳои табиии хусусӣ дар низомномаҳои онҳо, ки аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар мувофиқа бо сохтори маҳаллии мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқмегардад, муайян карда мешавад.
  2. Низоми парваришгоҳи табиии хусусӣ бояд ҳифз ва барқарорсозии объектҳои олами наботот, ҳайвонот ва комплексҳои табиӣ, инчунин муҳайё сохтани шароит барои омўзиши онҳоро пешбинӣ намояд.
  3. Ҷойгир ва паҳн кардани намудҳои бегонаи олами набототу ҳайвонот дар ҳудуди парваришгоҳҳо манъ аст.
  4. Парваришгоҳҳои табиии хусусӣ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сохтори маҳаллии мақоми ваколатдори давлатӣ тибқи намунаҳои муқарраргардидаи ҳисоботи омори давлатӣ ҳисобот медиҳанд.
  5. Назорати давлатии ҳолати ҳифзи муҳити зист ва фаъолияти парваришгоҳҳои табиии хусусӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ карда мешавад.

БОБИ 7. БОҒҲОИ ДАВЛАТИИ ҲАЙВОНОТ

Моддаи 35. Ташкил ва минтақабандии боғҳои давлатии ҳайвонот

  1. Боғҳои давлатии ҳайвонот метавонанд дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ бошанд.
  2. Боғҳои давлатии ҳайвонотро, ки аҳамияти ҷумҳуриявӣ доранд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ ташкил мекунад.
  3. Боғҳои давлатии ҳайвоноти аҳамияти маҳаллӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ташкил карда мешаванд.
  4. Қитъаҳои замин бо мақсади ташкили боғҳои давлатии ҳайвонот мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи бемўҳлат дода мешаванд.
  5. Дар боғҳои давлатии ҳайвонот барои нигоҳдорӣ, афзоиш ва намоиши ҳайвонот – тамошогоҳ, барои гузаронидани таҳқиқоти илмӣ — минтақаи илмӣ, барои хизматрасонӣ ба тамошобинон — минтақаҳои ҷамъиятӣ, маъмурӣ ва хоҷагию истеҳсолӣ пешбинӣ карда мешаванд.

Моддаи 36. Парвариши ҳайвонот дар боғҳои давлатии ҳайвонот ва хусусиятҳои ҳифзи онҳо

  1. Дар боғҳои давлатии ҳайвонот коллексияи намудҳои гуногуни ҳайвоноти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаҳон ташкил ва ҳифзу нигоҳдории онҳо таъмин карда мешавад.
  2. Воридот ва содироти ҳайвонот, инчунин мубодилаи онҳо байни боғҳои давлатии ҳайвонот ва дигар муассисаҳои соҳаи ҳайвонотшиносӣ (зоологӣ) тибқи тартиби муқарраршуда анҷом дода мешавад.
  3. Дар боғҳои давлатии ҳайвонот хадамоти байторӣ ва зоотехникӣ, ҳамчунин ҷойҳои махсус барои парвариши насли ҳайвоноти нодир ва зери таҳдиди нобудшавӣ қарордошта ташкил карда мешаванд.
Моддаи 37.Хусусиятҳои истифодаи боғҳои давлатии ҳайвонот
  1. Боғҳои давлатии ҳайвонот бо мақсадҳои илмӣ, фарҳангӣ ва таълимӣ истифода мешаванд. Дар боғҳои давлатии ҳайвонот оид ба нигоҳдорӣ ва парвариши ҳайвонот дар шароити маҳкам ва нимозод таҳқиқотҳои илмӣ гузаронида мешаванд.
  2. Боғҳои давлатии ҳайвонот метавонанд фондҳо, осорхонаҳо, китобхонаҳо ва бойгониҳо ташкил намоянд, вобаста ба фаъолияти худ адабиёти илмӣ, илмии оммавӣ ва ғайра нашр намоянд, инчунин ба аҳолӣ дар соҳаи байторӣ, корҳоиселексионӣ ва парвариши ҳайвоноти зотӣ хизмати музднок расонанд.
  3. Дар боғҳои давлатии ҳайвонот мутобиқи соҳаи фаъолияти онҳо метавонанд хоҷагиҳои ёрирасон, устохонаҳо, мағозаҳои зоологӣ ва дигар объектҳои барои фаъолияти хоҷагидорӣ зарур ташкил карда шаванд.

БОБИ 8. ЁДГОРИҲОИ ТАБИИИ ДАВЛАТӢ ВА

МИНТАҚАҲОИ ЭКОЛОГИЮ ЭТНОГРАФӢ

Моддаи 38. Тартиби ёдгориҳои табиии давлатӣ эълон кардани объектҳои табиӣ

  1. Ёдгориҳои табиии давлатӣ метавонанд дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ бошанд.
  2. Объектҳои табиӣ бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ, вазорату идораҳои манфиатдор, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгориҳои табиии давлатии дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ эълон карда мешаванд.
  3. Қарор дар бораи ёдгориҳои табиии давлатии маҳаллӣ эълон кардани объектҳои табиат аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ ва пешниҳоди ташкилотҳои манфиатдор қабул карда мешавад.
  4. Объектҳои табиӣ метавонанд бе гирифтани қитъаҳои замини заминистифодабарандагон ёдгориҳои табиии давлатӣ эълон карда шаванд.
Моддаи 39.Низоми ёдгориҳои табиии давлатӣ
  1. Дар ҳудуди ҷойгиршавии ёдгориҳои табиии давлатӣ, инчунин нисбати худи ёдгориҳо ҳама гуна фаъолияте, ки ба амнияти онҳо таҳдид карда метавонад, манъ аст.
  2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар заминҳои мавриди истифодаи онҳо ёдгориҳои табиии давлатӣ ҷойгиранд, ўҳдадоранд муҳофизати онҳоро таъмин намоянд. Мақомоте, ки дар бораи ёдгории табиии давлатӣ эълон кардани объекти табиӣ қарор қабул кардааст, онро барои муҳофизат супорида, ўҳдадории муҳофизат ва шиносномаи онро, ки дар он низоми ҳифзи ёдгориҳои табиат муайян мегардад, ба расмият медарорад.
  3. Хароҷоти таъмини низоми муқаррарнамудаи ҳифзи ёдгориҳои табиии давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, фондҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии ҳифзи муҳити зист ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, пўшонида мешавад.

Моддаи 40. Тартиби ташкили минтақаҳои экологию этнографӣ ва низоми онҳо

  1. Минтақаҳои экологию этнографӣ бо пешниҳоди мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешаванд.
  2. Фаъолияти хоҷагидорӣ дар ҳудуди минтақаҳои экологию этнографӣ набояд боиси хароб гаштани муҳити зисти аҳолӣ ва захираҳои биологӣ гардад. Дар маҳалҳои зисти доимии аҳолии таҳҷоии минтақаҳои экологию этнографӣ танҳо ба фаъолияти маҳдуди анъанавии хоҷагидорӣ роҳ дода мешавад.
  3. Минтақаҳои экологию этнографӣ дар ихтиёри Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, оид ба ҳар яки онҳо низомномаи алоҳида қабул қарда мешавад.

БОБИ 9. ПАРКҲОИ ДЕНДРОЛОГӢ ВАБОҒҲОИ БОТАНИКӢ

Моддаи 41.Мақоми паркҳои дендрологӣ ва боғҳои ботаникӣ
  1. Паркҳои дендрологӣ ва боғҳои ботаникӣ метавонанд шахси ҳуқуқии мустақил бошанд ва аз буҷети давлатӣ таъмин карда шаванд ё ба сохтори муассисаҳои таҳқиқоти илмӣ ё таълимӣ дохил шуда, дар тавозуни онҳо қарор дошта бошанд.
  2. Замини паркҳои дендрологӣ ва боғҳои ботаникӣ аз истифодаи хоҷагидорӣ гирифта, барои истифодаи бемўҳлат ба онҳо дода мешавад.

Моддаи 42. Тартиби ташкил кардани паркҳои дендрологӣ ва боғҳои ботаникӣ ва низоми онҳо

  1. Паркҳои дендрологӣ ва боғҳои ботаникӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дархости мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ё аз тарафи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо дархости ташкилотҳои манфиатдор ташкил карда мешаванд.
  2. Дар ҳудуди паркҳои дендрологӣ ва боғҳои ботаникӣ ҳама гуна фаъолияте, ки бо иҷрои вазифаҳои онҳо алоқаманд нест ва ба мавҷудияти набототи худрўи табиӣ ва боғӣ таҳдид мекунад, манъ аст.
  3. Ҳудудҳои паркҳои дендрологӣ ва боғҳои ботаникӣ метавонанд ба минтақаҳои зерин тақсим шаванд:

— намоишӣ, ки воридшавӣ ба он бо тартиби муайянкардаи маъмурият иҷозат дода мешавад;

— илмию таҷрибавӣ, ки ҳуқуқи ворид шудан ба онро танҳо кормандони илмии паркҳои дендрологӣ ва боғҳои ботаникӣ, инчунин мутахассисони муассисаҳои дигари илмӣ доранд;

— мамнўӣ, ки нигоҳдории комплексҳо ва объектҳои растаниҳои муқаррарӣ ва нодири табииро таъмин менамояд;

— маъмурӣ.

  1. Вазифаҳои мушаххас, соҳаи фаъолияти илмӣ, вазъи ҳуқуқӣ, сохти ташкилӣ, хусусиятҳои низом ва ҳифзи паркҳои дендрологӣ ва боғҳои ботаникӣ дар низомномаҳои онҳо муайян карда мешаванд.

БОБИ 10. МИНТАҚАҲОИ ТАБИИИ ОСОИШӢ, ТАБОБАТИЮ СОЛИМГАРДОНӢ ВА РЕКРЕАТСИОНӢ

Моддаи 43. Тартиби ташкил ва низоми минтақаҳои табиии осоишӣ ва табобатию солимгардонӣ

  1. Минтақаҳои осоишӣ ва табобатию солимгардонии табиӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда мешаванд.
  2. Бо мақсади ҳифзи хусусиятҳои табиӣ ва воситаҳои табобатии минтақаҳои табобатию солимгардонӣ, ҳифзи онҳо аз вайроншавию олудашавӣ ва бармаҳал харобшавӣ минтақаҳои ҳифзи санитарӣ муқаррар карда мешаванд.
  3. Дар минтақаҳои ҳифзи санитарӣ анҷом додани корҳое, ки хок, манбаъҳои об ва ҳавои атмосфераро олуда сохта, ба ҷангалзор зарар ва ба хосиятҳои муолиҷавӣ ва табобати санаторӣ таъсири манфӣ мерасонанд, манъ аст.

Моддаи 44. Тартиби ташкил ва низоми минтақаҳои табиии рекреатсионӣ

  1. Минтақаҳои табиии рекреатсионӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи пешниҳоди мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дар мувофиқа бо заминистифодабарандагони манфиатдор эълон карда мешаванд.
  2. Дар минтақаҳои рекреатсионӣ фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияте, ки ба муҳити зист таъсири манфӣ расонида, манзараҳои табиатро ҷиддӣ тағйир медиҳад ё ба истифодаи ин минтақаҳо тибқи таъиноташон монеъ мешавад, манъ аст.
  3. Минтақаҳои табиии рекреатсионӣ барои истироҳати муташаккилонаи аҳолӣ ва туризм мувофиқи шартномаҳое, ки муассисаҳо, корхонаҳо ва дигар ташкилотҳо бо заминистифодабарандагони асосӣ мебанданд, истифода карда мешаванд.
  4. Низоми минтақаи табиии рекреатсионӣ бонизомномаи он, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, муайян мегардад.

БОБИ 11. ҲУДУДҲОИ ТАБИИИ МАХСУС МУҲОФИЗАТШАВАНДАИ ДОРОИ АҲАМИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Моддаи 45.Резерватҳои биосферии давлатӣ
  1. Мамнўъгоҳҳои табиии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд барои дохил кардан ба Шабакаи ҷаҳонии резерватҳои биосферӣ пешниҳод карда шаванд. Қарор дар бораи пешниҳоди мамнўъгоҳҳои табиии давлатӣ ба Шабакаи ҷаҳонии резерватҳои биосферӣ дар асоси пешниҳоди якҷояи мақомоти ваколатдори давлатӣ ва муассисаи ваколатдори илмӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад. Дар сурати дохил кардан ба Шабакаи ҷаҳонии резерватҳои биосферӣ мамнўъгоҳҳои табиии давлатӣ дорои аҳамияти байналмилалӣ мегарданд.
  2. Мамнўъгоҳҳои табиии давлатии дорои мақоми резерватҳои биосферӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ идора карда мешаванд. Низомномаи мамнўъгоҳҳои табиии давлатии дорои мақоми резерватҳои биосферӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда мешавад.
  3. Дар ҳудуди мамнўъгоҳҳои табиии давлатии дорои мақоми резерватҳои биосферӣ минтақаҳои зерини функсионалӣ пешбинӣ карда мешаванд:

— минтақаи марказӣ (ядро) – минтақа бо низоми қатъии муҳофизатие, ки танҳо барои ҳифзи гуногунии биологӣ ва ландшафтӣ ва муҳайё сохтани шароити рушди биогеосенозҳо пешбинӣ шудааст. Дар минтақаи марказӣ ҳама гуна фаъолияти хоҷагидорӣ, ба ғайр аз таҳқиқотҳои илмӣ ва гузаронидани мониторинги ҷараёнҳои табиӣ манъ аст;

— минтақаи муҳофизатӣ (буферӣ) – қисми ҳудуде, ки одатан минтақаи марказиро иҳота мекунад ё бо он ҳамсарҳад буда, барои амалӣ намудани фаъолияти аз назари экологӣ бехатар, аз ҷумла дар бахши маърифати экологӣ, фароғат, туризми экологӣ, инчунин гузаронидани таҳқиқотҳои илмӣ истифода мешавад;

— минтақаи гузариш – қисми ҳудуде, ки ба дигар заминистифодабарандагон тааллуқ дорад ва барои пешбурди фаъолияти хоҷагидории раванди экологидошта, ки ба комплексҳо ва объектҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда зарар намерасонад, истифода мешавад.

Моддаи 46.Паркҳо ва мамнўъгоҳҳои табиии байнидавлатӣ
  1. Паркҳо ва мамнўъгоҳҳои табиии байнидавлатӣ дар асоси шартномаҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешаванд.
  2. Низоми паркҳо ва мамнўъгоҳҳои табиии байнидавлатӣ тибқи созишномаҳои байнидавлатӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати (давлатҳои) иштирокчии созишномаҳои мазкур муайян карда мешавад.

Моддаи 47. Заминҳои обию ботлоқии дорои аҳамияти байналмилалӣ

  1. Кўлу ботлоқзорҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ минтақаҳое мебошанд, ки ба сифати макони зисти олами набототу ҳайвоноти маъмул, хусусан, паррандагони обии муҳоҷирхизмат мекунанд.
  2. Кўлу ботлоқзорҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ метавонанд ба мамнўъгоҳҳои табиии давлатӣ, паркҳои табиии миллӣ ва дигар намудҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дохил карда шаванд.
  3. Дар ҳудуди кўлу ботлоқзорҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ низоми мамнўӣ, парваришгоҳ ё ин ки низоми фаъолияти хоҷагидории танзимшаванда муқаррар карда мешавад.

БОБИ 12. ТАРТИБИ ҲИФЗИ ҲУДУДҲОИ ТАБИИИ

МАХСУС МУҲОФИЗАТШАВАНДА

Моддаи 48. Тартиби ҳифзи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда

  1. Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда аз тарафи мақомоте, ки ин ҳудудҳодар ихтиёрашон мебошанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд.
  2. Кормандони хадамоти муҳофизати ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандааз ҷумлаи кормандони мамнўъгоҳ ва паркҳои табиии давлатӣ мебошанд.
  3. Директорони мамнўъгоҳ ва паркҳои табиии давлатӣ сарнозирони давлатии муҳофизати ин ҳудудҳо мебошанд.

Моддаи 49. Ҳуқуқҳои нозирони давлатии муҳофизати мамнўъгоҳ ва паркҳои табиии давлатӣ

  1. Кормандони мамнўъгоҳ ва паркҳои табиии давлатӣ, ки нозирони давлатии ҳифзи ҳудудҳои мазкур мебошанд, ҳуқуқ доранд аз тамоми ҳуқуқу имтиёзҳои нозирони давлатии ҳифзи муҳити зист ва ҷангал истифода баранд.
  2. Қарорҳои дар доираи ваколатҳои худ қабулнамудаи нозирони давлатии ҳифзи мамнўъгоҳ ва паркҳои табиии давлатӣ барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳатмӣ буда, нисбати онҳо ба суд шикоят кардан мумкин аст.
  3. Нозирони давлатии ҳифзи мамнўъгоҳ ва паркҳои табиии давлатӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба нигоҳ доштан, бо худ гирифта гаштан ва истифода бурдани воситаҳои махсус ва силоҳи хизматӣ тибқи тартиби муқарраргардида ҳуқуқ доранд. (ҚҶТ аз 27.11.2014,№1159)
  4. Нозирони давлатии ҳифзи мамнўъгоҳ ва паркҳои табиии давлатӣ мавриди суғуртаи ҳатмӣ қарор мегиранд ва дар сурати маъюб шудан ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба ҷуброни зарар ҳуқуқ доранд.

Моддаи 50. Назорати ҷамъиятӣ дар бахши ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда

Назорати ҷамъиятӣ дар бахши ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда аз ҷониб ва бо ташаббуси ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ мегардад.

БОБИ 13. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 51. Ҳамкории байналмилалӣ дар бахши ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда

  1. Ҳамкории байналмилалӣ дар бахши ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ба роҳ монда мешавад.
  2. Дар сурати мухолифат кардани меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ амал менамоянд.
Моддаи 52.Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 53. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 1996 «Дар бораи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳоимахсус муҳофизатшаванда» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, №23, мод. 353; с. 1998, №10, мод. 125; с. 2002, №4, қ. 1, мод. 272) аз эътибор соқит дониста шавад.

Моддаи 54. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                 Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 26 декабри соли  2011,

№ 788

Қонуни ҶТ «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор»

(АМОҶТ с.2015,№12,қ.1, мод.1115)

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии гузаронидани санҷиш, тартиб ва расмиёти ягонаи гузаронидани он, ҳуқуқу уҳдадориҳои субъектҳои хоҷагидор, шахсони мансабдори мақомоти санҷиширо муқаррар намуда, ба ҳифзи саломатӣ ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, муҳити зист, амнияти миллӣ ва ҳимояи фаъолияти субъектҳои хоҷагидори санҷидашаванда, новобаста ба шакли моликияташон, равона карда шудааст.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

— дафтари бақайдгирии санҷишҳо – дафтари бақайдгирии санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, ки дар он тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур маълумот оид ба ҳар як санҷиши гузаронидашуда сабт карда мешавад;

— мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор – мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ки барои татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи дастгирии соҳибкорӣ ваколатдор мебошад;

— мақомоти санҷишӣ – мақомоти давлатие, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, ки тибқи Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, ваколатдор мебошад;

— меъёрҳои арзёбии дараҷаи таваккал – маҷмӯи нишондиҳандаҳои миқдорӣ ва (ё) сифатӣ вобаста ба фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, ки мансуб донистани онҳоро ба дараҷаҳои гуногуни таваккал имконият медиҳад;

— объекти санҷиш – фаъолияти субъекти хоҷагидор, ки дорои дараҷаи муайяни таваккал мебошад;

— санҷиш — намуди фаъолияти мақомоти санҷишӣ оид ба омӯзиш, таҳлил, назорат ва муқоисаи фаъолияти субъекти хоҷагидор ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— субъектҳои хоҷагидор – шахсони ҳуқуқӣ (новобаста ба шакли моликият), аз ҷумла филиал ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки фаъолияти соҳибкориро амалӣ менамоянд;

— таваккал – эҳтимолияти ба миён омадани оқибатҳои манфӣ ва андозаи тахминии зарар дар натиҷаи фаъолияти субъектҳои хоҷагидор;

— Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ – мақоми машваратии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишро таъмин менамояд.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Мақсади санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор

  1. Мақсади гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор кам намудани таваккал барои саломатии шаҳрвандон, муҳити зист, амнияти ҷомеа, ҳифзи моликият тавассути таъмини риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор дар раванди амалӣ намудани фаъолият мебошад.
  2. Раванди гузаронидани санҷиш фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро бознамедорад.

Моддаи 4. Доираи амали Қонуни мазкур

  1. Муқаррароти Қонуни мазкур, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 ҳамин модда, нисбат ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор татбиқ мегарданд.
  2. Муқаррароти Қонуни мазкур, ба истиснои талаботи моддаи 13, нисбат ба санҷишҳои дар доираи назорати прокурорӣ, аудити Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, қонунгузории бонкӣ, мурофиавии ҷиноятӣ, андоз, гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти оперативию ҷустуҷӯӣ танзимшаванда татбиқ намегарданд.
  3. Гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор аз ҷониби мақомоти давлатие, ки дар моддаи 10 Қонуни мазкур пешбинӣ нагардидаанд, ба истиснои талаботи қисми 2 ҳамин модда ва мавҷуд будани парвандаи ҷиноятӣ, манъ аст.

Моддаи 5. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор

Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор мансубанд:

— иштирок дар таҳияи сиёсати давлатӣ дар соҳаи гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор;

— муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор;

— таъсиси Шӯроиҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ ва тасдиқи низомномаи он;

— тасдиқи қоидаҳои намунавии гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор;

— тасдиқи шакл ва тартиби истифодаи дафтари бақайдгирии санҷишҳо;

— тасдиқи қоидаҳои муайян намудани меъёрҳои арзёбии дараҷаи таваккали фаъолияти субъекти хоҷагидор;

— тасдиқи Кодекси одоби шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ;

— тасдиқи расмиёти ташкил, пур кардан ва пешбурди махзани ягона оид ба санҷишҳои гузаронидашуда ва низоми иттилоотии идоракунӣ;

— амалӣ намудани салоҳияти дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 6. Ваколатҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ

  1. Ба ваколатҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ дохил мешаванд:

— роҳбарӣ ва ҳамоҳангсозии ислоҳоти низоми санҷиш барои афзун намудани самараи ҳифзи саломатии шаҳрвандон, молу мулк, муҳити зист, амнияти ҷомеа ва кам кардани сарборӣ барои субъектҳои хоҷагидор;

— мусоидат ба таъсис ва таҳкими инфрасохтори маъмурӣ, ки ба таъмини иҷрои мақсад ва вазифаҳои санҷиш зарур аст;

— ҳамоҳангсозии кор оид ба ташкили махзани ягонаи маълумот  дар бораи санҷишҳо;

— таъмини риояи қоидаҳои гузаронидани санҷиш аз ҷониби мақомоти санҷишӣ;

— ҳамоҳангсозии нақшаҳои санҷиши мақомоти санҷишӣ бо мақсади роҳ надодан ба такроршавии санҷишҳо;

— тасдиқи меъёрҳои умумии арзёбии самара ва натиҷабахшии фаъолияти марбут ба санҷишҳои мақомоти санҷишӣ;

— баррасӣ ва тасдиқ  намудани қоидаҳои умумии ҷамъ овардани маълумот ва таҳияи методологияи ягонаи арзёбии санҷишҳо;

— баррасии ҳисоботи солонаи мақомоти санҷишӣ бо арзёбии ҳарсолаи самара ва натиҷабахшии санҷишҳо ва муайян намудани тартиби интишори он дар воситаҳои ахбори омма;

— пешниҳоди таклифҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи такмили мақомоти санҷишӣ ва муайян намудани мавзӯи санҷишҳо;

— амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ.

  1. Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ мутобиқи самтҳои фаъолият ҳуқуқ дорад:

— аз мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва дигар субъектҳои хоҷагидор оид ба санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор маълумоти заруриро талаб карда гирад;

— бо тартиби муқарраргардида дар бораи такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи санҷиш ва фаъолияти мақомоти санҷишӣ таклиф пешниҳод намояд;

— ҳисоботи шашмоҳа ва солонаро шунида, нақшаҳои солона ва тағйирот ба онҳоро маъқул шуморад;

— дигар ваколатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба санҷиш ва низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷиширо иҷро намояд.

  1. Дар сурати аз ҷониби мақомоти санҷишӣ таҳия гардидани лоиҳаи қонунҳое, ки мавзӯъҳои нав ё таъсиси мақомоти нави санҷиширо пешбинӣ менамоянд, Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ доир ба лоиҳаи қонунҳои мазкур хулосамедиҳад. Лоиҳаи қонунҳои мазкур бе гирифтани хулосаи мусбати Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда наметавонанд.
  2. Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣҳангоми баррасии лоиҳаи қонунҳои мазкур, ба истиснои масъалаҳое, ки мавзӯи онҳо танзими қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сирри давлатӣ мебошад, бо соҳибкорон машварат мегузаронад.

Моддаи 7. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор

Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор чунин ваколатҳоро амалӣ мегардонад:

— татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор;

— мониторинги санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ва ба Шӯроиҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ пешниҳод намудани иттилооти ҳарсола аз рӯи натиҷаҳои он;

— натиҷагирӣ аз таҷрибаи гузаронидани санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, таҳия ва пешниҳоди таклифҳо оид ба такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор;

— пешбурди фаъолияти котиботи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ;

— мусоидат ҷиҳати ҷорӣ намудани хатти алоқаи телефонии фаврӣ ва сомонаи дахлдор барои воридшавии шикоят нисбат ба мақомоти санҷишӣ;

— амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 8. Қоидаҳои намунавии гузаронидани санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор

  1. Қоидаҳои намунавии гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор муқаррароти зеринро дар бар мегиранд:

-мавзӯи танзим, шумора ва доираи гузаронидани санҷишҳо;

— асосҳои ҳуқуқии гузаронидани санҷишҳо аз тарафи мақомоти санҷишӣ;

— ваколатҳои шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ;

-тартиби банақшагирӣ ва гузаронидани санҷишҳо;

— услуби  тартибдиҳии санади  санҷишӣ;

— расмиёт оид ба баррасии дохилиидоравии муроҷиати субъекти хоҷагидор;

— расмиёт ҷиҳати банақшагирӣ, пешниҳоди иттилоот ва машварат ба субъектҳои хоҷагидор;

— расмиёт оид ба арзёбии таваккали фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ва тақсимоти онҳо аз рӯи дараҷаи таваккал;

— қоидаҳои рафтори кормандони мақомоти санҷишӣ;

— расмиёт оид ба баррасии муроҷиатҳо ва пешниҳоди иттилооти дигар аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор;

— расмиёти интихоби намунаҳои маҳсулот, нигоҳдорӣ ва ҳамлу нақли он барои гузаронидани ташхис;

— ҷалби эксперт, ташкилоти экспертӣ барои гузаронидани санҷиши фаъолияти субъекти хоҷагидор.

  1. Мақомотисанҷишӣ дар асоси қоидаҳои намунавии гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор қоидаҳои гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро дар соҳаи худ таҳия ва тасдиқ менамоянд, ки бо тартиби муқарраргардида ба қайди давлатӣ гирифта шуда, мавриди интишори расмӣқарор дода мешаванд.
  2. Гузаронидани санҷиш аз ҷониби мақомоти санҷишӣ дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба қайди давлатӣ гирифта нашудаанд ва мавриди интишори расмӣқарор нагирифтанд, манъ аст.

Моддаи 9. Принсипҳои асосии гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор

Гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ба принсипҳои зерин асос меёбад:

— қонуният, беғаразӣ ва ошкорбаёнӣ;

-пешгирӣ ва бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳо;

— поквиҷдонии шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ ва субъекти хоҷагидор;

— ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии субъектҳои хоҷагидор;

— роҳ надодани дахолат ба фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, ки ба мавзӯи санҷиш вобастагӣ надорад;

— даврияти гузаронидани санҷиш;

— нораво будани такроркунии санҷишу назорати идоравӣ ва байниидоравӣҳангоми гузаронидани санҷиш;

— ҳатмӣ будани маълумотдиҳӣ ба субъектҳои хоҷагидор аз ҷониби мақомоти санҷиш оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки шарту талаботи ҳатмиро пешбинӣ менамоянд ва риояи онҳо мавриди санҷиш қарор дода мешавад;

— ошкоро ва дастрас будани иттилоот оид ба санҷишҳои  фаъолияти субъектҳои хоҷагидор;

— гузаронидани санҷиш бо риояи талаботи Қонуни мазкур танҳо дар минтақаи фаъолияти субъекти хоҷагидор;

— кам кардани сарборӣ нисбати субъекти хоҷагидор, ки бо санҷиши фаъолияти он алоқаманд аст ва таъмин намудани камкунии самараи таваккалҳо;

— пайвастагӣ ва фаврӣ будани гузаронидани санҷиш дар муҳлати муқарраргардида;

— уҳдадории мақомоти санҷишӣ оид ба асосноккунии амалҳои худ дар асоси дараҷаи таваккал.

Моддаи 10. Мақомоти санҷишӣ ва мавзӯи санҷишҳо

  1. Мақомоти санҷишӣ дар доираи ваколати худ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро бо назардошти мавзӯъҳои зерини санҷиш амалӣ менамоянд:

1) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист:

— ҳифзи муҳити зист, назорати истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ.

2) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хоҷагии ҷангал, шикор ва ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда:

— назорати хоҷагии ҷангал, шикор, олами набототу ҳайвонот ва ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда.

3) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон:

— меъморӣ ва сохтмон.

4) Мақоми ваколатдори давлатии назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ:

— риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истифодаи оқилона ва ҳифзи қаъри замин, геологияи кӯҳии техникӣ, муомилоти маводи таркандаи таъиноти гражданӣ, пешбурди бехатарии корҳо дар саноати кимиё ва металлургӣ, бехатарии иншооти борбардор, зарфҳои зери фишор коркунанда ва техникаи аттраксионӣ, иншооти истеҳсоли хатарнок, истифодаи бехатари иншооти газ.

5) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи телевизион ва радио:

— пахши барномаҳои телевизионӣ  ва  радио;

— истеҳсол ва / ё интишори маводи овозӣ, визуалӣ, аудиовизуалӣ, инчунин интишори ахбори иловагӣ, дуюмбора ва намудҳои дигари ахбори омма.

6) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти зиддиинҳисорӣ:

— ҳимоя ва рушди рақобат, пешгирӣ, маҳдудкунӣ,  қатъи фаъолияти инҳисорӣ ва рақобати бевиҷдонона;

— танзими фаъолияти субъектҳои монополияҳои табиӣ;

— ҳимояи  ҳуқуқи истеъмолкунандагон;

— танзими фаъолияти рекламавӣ.

7) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи оташнишонӣ:

— риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор.

8) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати иёргирӣ:

— истеҳсол, истихроҷ, коркард, истифода, нигоҳдорӣ ва баҳисобгирии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо.

9) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати суғурта:

— риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи суғурта.

10) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати энергетикӣ:

— истифодаи оқилона ва босамари захираҳои гармию энергетикӣ;

— таъминоти реҷавӣ ва босифати истеъмолкунандагон бо захираҳои гармию энергетикӣ;

— ҳолати баҳисобгирии истеҳсол ва истифодаи қувваи барқу гармӣ;

— ҳолати техникии неругоҳҳои барқӣ, шабакаҳои барқӣ ва дастгоҳҳои барқию гармӣ, низоми истифодаи қувваи (неруи) барқу гармӣ;

— гузаронидани чорабиниҳои таъминкунандаи хизматрасонии бехатари дастгоҳҳои барқӣ ва истифодабарандаи гармӣ.

11) Мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи бехатарии иншооти гидротехникӣ:

— риояи меъёр ва қоидаҳои бехатарии иншооти гидротехникӣ;

— риояи чораҳо ҷиҳати пешгирии садама ва осебёбии иншооти гидротехникӣ;

— ҳолати техникии иншооти гидротехникӣ;

— санҷиши иншооти гидротехникӣ бо мақсади мутобиқати онҳо ба эъломияҳои бехатарӣ.

12) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати фаъолияти фармасевтӣ:

— фаъолияти фармасевтӣ ва молҳои тиббӣ;

— ғизои кӯдакон ва маводи ороишӣ (косметикӣ);

— муомилоти қонунии маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои дар тиб истифодашаванда.

13) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ:

— фаъолияти тиббӣ;

— ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

14) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати санитарию эпидемиологӣ:

— риояи меъёр ва қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ.

15) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи стандартонӣ, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо:

— стандартонӣ, метрология ва сертификатсия;

— риояи қоидаҳои савдо ва хӯроки умумӣ;

— бамеъёрдарории техникӣ;

— аккредитатсия.

16)  Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи байторӣ:

— фаъолияти байторӣ.

17) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъмини назорати фитосанитарӣ ва карантини растанӣ:

— риояи қоидаҳои фитосанитарӣ ва  карантини растаниҳо.

18) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи зотпарварӣ:

— пешбурди корҳои зотпарварӣ дар чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ.

19) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати техникаи  кишоварзӣ:

— техникаи кишоварзӣ.

20) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тухмипарварӣ:

— сифати тухмӣ ва парвариши ниҳолҳо.

21) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ:

— ҳифзи меҳнат;

— муҳоҷират;

— шуғли аҳолӣ.

22) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёт:

— риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ, обӣ, роҳи оҳан, ҳавоӣ, барқӣ, саноатӣ ва хоҷагии роҳ.

23) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқа:

— алоқаи барқӣ, алоқаи почта ва иттилоотонӣ.

24) Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаҳои иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ:

— риояи шарт ва талаботи иҷозат ва иҷозатнома.

25) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ:

— назорати истифодаи  амволи давлатӣ;

— риояи қоидаҳои пешбурди дафтари бақайдгирии санҷишҳо.

26) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм:

— риояи раванди таълим ва тарбия дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ;

— маблағгузории фаъолияти муассисаҳои таълиму тарбияи соҳаи маориф аз ҳисоби маблағи дар ихтиёрашонбуда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

27) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи забон ва истилоҳот:

— риояи қонунгузории забони давлатӣ.

28) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар:

— фаъолияти вобаста ба парвариши растаниҳои нашъаовар бо мақсадҳои илмӣ, ҳамчунин тайёр кардани воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропии нав;

— фаъолияти вобаста ба муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо (таҳия, истеҳсол, тайёр кардан, коркард, нигоҳ доштан, интиқол, муросилот, додан, фурӯхтан, тақсим кардан, соҳиб шудан, истифода, воридот ва содирот).

29) Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими муносибатҳо вобаста ба замин, геодезия, бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он:

— назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин;

— назорати давлатии геодезӣ;

— бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он.

30) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи омор:

— дурустӣ ва эътимоднокии маълумоти оморӣ.

31) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа:

— истифодаи мақсадноки маблағи андози иҷтимоӣ;

— бақайдгирии давлатӣ дар мақомоти суғуртаи давлатии иҷтимоӣ;

— амалигардонии суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ.

  1. Мавзӯи санҷиши як мақоми санҷишӣ, ки дар қисми 1 ҳамин модда пешбинӣ шудааст, наметавонад аз тарафи мақоми дигари санҷишӣ такрор карда шавад.
  2. Тағйир додани номгӯйи мақомоти давлатии санҷишӣ ва мавзӯи санҷишҳо танҳо бо роҳи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қисми 1 ҳамин модда имконпазир мебошад.

Моддаи 11. Меъёрҳои арзёбии дараҷаи таваккали фаъолияти субъектҳои хоҷагидор

  1. Мақомоти санҷишӣ фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро дар асоси дараҷаи таваккал мавриди санҷиш қарор медиҳанд. Мақомоти санҷишӣ меъёрҳои арзёбии дараҷаи таваккалро дар асоси сатҳи имконияти расонидани зарар дар натиҷаи фаъолияти субъекти хоҷагидор ба ҳаёт ё саломатии аҳолӣ, манфиатҳои молумулкӣ ва амнияти ҷомеа, ҳифзи муҳити зист, бо дарназардошти дараҷаи вазнинии оқибатҳои он, муайян менамоянд.
  2. Мақомоти санҷишӣ меъёрҳоеро таҳия менамоянд, ки дар асоси онҳо дараҷаи таваккал ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти субъекти хоҷагидор дар соҳаи мансуб ба ваколати он арзёбӣ мегардад.
  3. Сатҳи таваккали фаъолияти субъектҳои хоҷагидор бо дараҷаи таваккалии баланд, миёна ва паст муайян карда мешавад. Гурӯҳи субъектҳое, ки дараҷаи таваккалиашон баланд мебошад, набояд аз 10 фоиз зиёд бошад. Маълумот оид ба мансубияти субъекти хоҷагидор ба дараҷаи муайяни таваккалӣ ба ҳама дастрас мебошад.
  4. Бо мақсади муайян намудани дараҷаи таваккалии пешбининамудаи қисми 3 ҳамин модда, мақомоти санҷишӣ ба коршинос ё ба ташкилоти экспертӣ муроҷиат менамоянд.

БОБИ 2. РАСМИЁТИ ГУЗАРОНИДАНИ САНҶИШИ

ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ ХОҶАГИДОР

Моддаи 12. Асос барои гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор

  1. Асос барои гузаронидани санҷиши фаъолияти субъекти хоҷагидор қарори мутобиқи Қонуни мазкур қабулнамудаи мақоми санҷишӣ оид ба гузаронидани санҷиш мебошад.
  2. Қарор дар бораи гузаронидани санҷиш дорои маълумоти зерин мебошад:

— сана ва рақами бақайдгирии қарор дар мақоми санҷишӣ;

— номи мақоми санҷише, ки дар бораи гузаронидани санҷиш қарор қабул намудааст;

— номи пурраи субъекти хоҷагидори санҷидашаванда ё насаб, ном, номи падари соҳибкори инфиродӣ;

— мавзӯъ, мақсад ва объекти мушаххаси санҷиш дар субъекти хоҷагидори мазкур;

— мансаб, насаб, ном, номи падари шахсони санҷишгузаронанда;

— сана ва давомнокии гузаронидани санҷиш;

— давраи санҷиш;

— имзои роҳбари мақоми санҷишӣ;

— муҳри мақоми санҷишӣ.

  1. Аз гирифтани қарор саркашӣ намудани роҳбари субъекти хоҷагидор ба оғози санҷиш монеа шуда наметавонад. Роҳбари субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад пас аз гузашти муҳлати санҷиши дар қарор зикргардида шахсони мансабдори мақомоти санҷишро ба объекти санҷиш роҳ надиҳад, ба истиснои муқаррароти қисми 4 моддаи 26 Қонуни мазкур.
  2. Дар асоси як қарор дар бораи санҷиш танҳо як санҷиш гузаронида мешавад.

Моддаи 13. Дафтари бақайдгирии санҷишҳо

  1. Бо мақсади таъмини шаффофият санҷишҳои аз ҷониби мақомоти санҷишӣ гузаронидашаванда дар дафтари бақайдгирии санҷишҳо ба қайд гирифта мешаванд. Шахсони масъули мақомоти давлатӣ оид ба санҷишҳои дар доираи назорати прокурорӣ, аудити Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, қонунгузории бонкӣ, мурофиавии ҷиноятӣ, андоз, гумрук ва фаъолияти оперативию ҷустуҷӯӣ амалишаванда, ки тибқи моддаи 4 Қонуни мазкур амали ҳамин Қонун ба онҳо татбиқ намегардад, уҳдадоранд дар дафтари бақайдгирии санҷишҳо оид ба санҷишҳои дар доираи ваколаташон гузаронидашуда қайдҳо гузорад.
  2. Шахси мансабдори мақоми санҷишӣ дар ҳолати ворид накардани қайдҳо ба дафтари бақайдгирии санҷишҳо ба санҷиш роҳ дода намешавад. Дар ҳолати гузаронидани санҷиш бе гузоштани қайд дар дафтари бақайдгирии санҷишҳо натиҷаи он беэътибор ҳисобида мешавад.
  3. Мақомоти давлатии бақайдгирандаи шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ субъектҳои хоҷагидорро бо дафтари бақайдгирии санҷишҳо таъмин менамоянд. Ба дафтари бақайдгирии санҷишҳо маълумот дар бораи санҷишҳои гузаронидашуда ворид карда мешавад.
  4. Пас аз супоридани қарор дар бораи гузаронидани санҷиш ба субъекти хоҷагидор ҳар шахси мансабдори мақоми санҷишӣ уҳдадор аст ба дафтари бақайдгирии санҷишҳо маълумоти зеринро ворид ва бо имзои худ тасдиқ намояд:

— асос барои санҷиши фаъолияти субъекти хоҷагидор, сана ва вақти оғоз ва анҷоми он;

— мавзӯъ ва мақсади санҷиш;

— намуди санҷиш;

— насаб, ном, номи  падар,  рақами  шаҳодатномаи хизматӣ, номи мақоме, ки шаҳодатномаро додааст (муҳлати эътибори шаҳодатнома);

— ҳангоми иштироки мутахассиси  даъватшуда дар гузаронидани санҷиш насаб, ном, номи падар, инчунин рақами шаҳодатномаи хизматӣ, номи ташкилоте, ки  намояндаи  он  мебошад  ва дар сурати мутахассиси мустақил будани ӯ, рақами шаҳодатномаи хизматӣ ва агар фаъолияти мутахассиси даъватшуда бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи иҷозатнома ба роҳ монда шавад, рақами иҷозатнома, номи мақоме, ки иҷозатномаро додааст ва муҳлати эътибори иҷозатнома.

  1. Роҳбари субъекти хоҷагидор уҳдадор аст, ки дар дафтари бақайдгирии санҷишҳо маълумоти зеринро қайд намояд:

— сана ва вақти анҷоми санҷиш;

— чораҳои андешидаи шахси мансабдори мақоми санҷишӣ аз рӯи натиҷаҳои санҷиш:

— кумаки расонидашудаи машваратӣ;

— санади тартибдодашудаи санҷиш;

— мулоҳизаҳои худ аз рӯи натиҷаҳои санҷиши гузаронидашудадаршаклҳои:  «Розиям»,  «Розӣ нестам»,  «Бо эродҳо розиям».

  1. Шахси мансабдори мақоми санҷишӣ барои  саркашӣ  аз  ворид намудани маълумот оид ба санҷиши гузаронидашаванда  дар  дафтари бақайдгирии санҷишҳо масъулияти муқаррарнамудаи Қонуни мазкурро бар уҳда дорад.

Моддаи 14. Санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор

  1. Санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор иборат аст аз:

— машваратдиҳӣ ба субъектҳои хоҷагидор оид ба масъалаҳои коҳиш додани  таваккал ва амалигардонии фаъолияти онҳо мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои чорабиниҳои дигаре, ки ба пешниҳоди иттилоот дар хусуси пешгирии риоя накардани санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  равона шудаанд;

— санҷиши мутобиқати фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— гузаронидани арзёбии иттилоот оид ба фаъолияти субъекти хоҷагидор, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас гардидааст;

— мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон андешидани чораҳои таъсиррасонӣ нисбати субъектҳои хоҷагидор.

  1. Санҷиши фаъолияти намояндагиҳо ва филиалҳои субъектҳои хоҷагидор тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур дар доираи анҷом додани санҷиши фаъолияти худи субъекти хоҷагидор гузаронида мешавад.

Моддаи 15. Пешниҳоди иттилоот ва машварат

  1. Мақомоти санҷишӣ ба субъектҳои хоҷагидор оид ба масъалаҳои мутобиқати фаъолияти онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани меъёрҳои арзёбии дараҷаи таваккал ва бартараф намудани шароити ба ҳуқуқвайронкуниҳо имкониятдиҳанда то оғози санҷиш, дар рафти санҷиш ва пас аз анҷоми санҷиш машварат ва тавсияҳо медиҳанд.
  2. Пешниҳоди машварату тавсияҳо инҳоро дар бар мегирад:

— пешниҳоди иттилооти умумӣ ба аҳли ҷомеа;

— посухҳо ба саволҳои хаттӣ ва шифоҳии субъектҳои хоҷагидор, тавассути телефон, дар шакли электронӣ ё дар ҳомили коғазӣ дар раванди гузаронидани машғулиятҳои омӯзишӣ ё баъди гузаронидани онҳо;

— пешниҳод кардани машварату тавсияҳо ва ёрии методӣ ба субъектҳои хоҷагидор оид ба паст кардани меъёрҳои арзёбии дараҷаи таваккал, пешгирӣ ва бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳо дар раванди санҷиш.

  1. Машварату тавсияҳои ба субъектҳои хоҷагидор пешниҳодшаванда аз нигоҳи ҳуқуқӣ асоснок, дақиқ ва фаҳмо, дорои мақсади пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, кам ва бартараф намудани эҳтимолияти таваккалҳо мебошанд.
  2. Агар субъекти хоҷагидор мутобиқи машварат ва тавсияи ба тариқи хаттӣ пешниҳоднамудаи мақоми санҷишӣ амал намояд, пас барои ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқат накардани амалҳояш ба ҷавобгарӣ кашида намешавад. Муқаррароти мазкур ба кирдоре, ки дар он аломатҳои таркиби ҷиноят ё ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дида мешаванд, дахл надоранд.
  3. Баъди гирифтани машварату тавсияҳои дурусти мақоми санҷишӣ субъекти хоҷагидор амалҳои худро ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ менамояд.
  4. Мақомоти санҷишӣ дар сомонаи расмии худ маълумоти зеринро ҷойгир менамоянд:

— санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи масъалаҳои санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор;

— нақшаи ҳарсолаи гузаронидани санҷишҳо;

— маълумот оид ба мансубияти субъекти хоҷагидор ба дараҷаи муайяни таваккалӣ ва инчунин асоснокии гузаронидани онҳо ба ин намуди таваккалҳо.

Моддаи 16. Беэътибории гузаронидани санҷишҳо

Санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар ҳолатҳои зерин беэътибор дониста мешавад:

— аз ҷониби мақоми санҷишӣ ба субъекти хоҷагидор фиристода нашудани огоҳиномаи хаттӣ дар бораи санҷиши гузаронидашаванда ва номгӯи масъалаҳои санҷишӣ;

— ҳангоми гузаронидани санҷиши фаъолияти субъекти хоҷагидор аз ҷониби шахси мансабдори мақоми санҷишӣ ба субъекти хоҷагидор пешниҳод накардани шаҳодатномаи хизматӣ;

— дар сурати набудани сабти шахси мансабдори мақоми санҷишӣ дар дафтари бақайдгирии субъекти хоҷагидор;

— гузаронидани санҷиши аввалини фаъолияти субъекти хоҷагидори навтаъсис, ба истиснои субъектҳои хоҷагидори дараҷаи таваккалнокиашон баланд, дар давоми ду соли аввали фаъолияти он.

Моддаи 17. Намудҳои санҷиш

Санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор аз намудҳои зерин иборат аст:

— нақшавӣ;

— ғайринақшавӣ;

— иловагӣ;

— такрорӣ.

Моддаи 18. Санҷиши нақшавӣ

  1. Санҷиши нақшавӣ — санҷишест, ки аз ҷониби роҳбари мақомоти марказии санҷиш нисбати субъекти хоҷагидори мушаххас дар асоси нақшаи солонаи гузаронидани санҷишҳои нақшавӣ таъин карда мешавад.
  2. Мақомоти санҷишӣ дар ноҳияҳо, шаҳрҳо ва вилоятҳо санҷиши нақшавии фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро мутобиқи нақшаи солонаи гузаронидани санҷишҳои нақшавии аз ҷониби мақомоти марказии санҷиш тасдиқшуда мегузаронанд.
  3. Нақшаи солонаи гузаронидани санҷишҳо бо назардошти даврияти санҷишҳои барои ҳар як гурӯҳи таваккалҳо муқарраргардида вобаста ба дараҷаи таваккалӣ фаъолияти ҳар субъекти хоҷагидори мушаххас таҳия карда мешавад.
  4. Нақшаи солонаи гузаронидани санҷишҳо аз ҷониби роҳбари мақоми марказии санҷиш барои соли ояндаи тақвимӣ то 1 ноябр дар мувофиқа бо Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ тасдиқ карда шуда, дар сомонаи расмии мақомоти санҷиш ва воситаҳои ахбори омма ҷойгир карда мешавад.
  5. Вобаста ба тағйирёбии дараҷаҳои таваккалӣ субъектҳои хоҷагидор мақомоти санҷишӣ ба нақшаи солонаи гузаронидани санҷишҳо бо риояи талаботи мувофиқакунӣ тибқи қисми 4 моддаи мазкур ҳар шашмоҳа як маротиба тағйирот ворид менамоянд.
  6. Дар нақшаҳои солонаи гузаронидани санҷишҳо маълумоти зерин дарҷ мегардад:

— номгӯи мақоми санҷишӣ;

— номгӯи шахсони ҳуқуқӣ, насаб, ном ва номи падари соҳибкорони инфиродӣ, ки фаъолияташон мавриди санҷиши нақшавӣқарор дода мешавад;

— маълумот дар бораи санҷиши қаблии фаъолияти субъекти хоҷагидор;

— асосноккунии ҳуқуқӣ, мавзӯъ ва объектҳои санҷиш;

— суроғаи воқеии объекти гузаронидани санҷиш;

— давраи санҷиш (бо нишон додани санаи оғоз ва анҷоми давра);

— давомнокии санҷиш (бо нишон додани санаи оғоз ва анҷоми санҷиш).

  1. Санҷиши якҷоя аз ҷониби мақомоти санҷишӣ танҳо дар доираи нақшаи солонаи мақоми санҷишӣ гузаронида шуда, мақомоти мазкур уҳдадоранд қарори алоҳидаро дар бораи таъини санҷиш ба расмият дароранд.
  2. Дар ҳолати мавҷуд набудани нақшаи солонаи тасдиқшудаи гузаронидани санҷишҳои нақшавӣ мақоми санҷишӣ барои гузаронидани намуди санҷиши фаъолияти субъекти хоҷагидор, ба истиснои санҷишҳое, ки бо аризаи хаттии худи субъекти хоҷагидор гузаронида мешаванд, ҳуқуқ надорад.
  3. Санҷиши нақшавӣ бо риояи талаботи пешбининамудаи қисми 4 моддаи 13 Қонуни мазкур гузаронида мешавад.

Моддаи 19. Санҷиши ғайринақшавӣ

  1. Санҷиши ғайринақшавӣ дар ҳолатҳои зерин гузаронида мешавад:

— бо ташаббуси субъекти хоҷагидор дар асоси аризаи хаттии он;

— ба мақомоти санҷишӣ ворид шудани муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, маълумот аз мақомоти ҳокимияти давлатӣ оид ба далелҳои расонидан ё эҳтимолияти баланди расонидани зарари ҷиддӣ ба ҳаёт ва саломатии аҳолӣ, муҳити зист, амнияти миллӣ, инчунин ба миён омадани ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ;

— бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо мақсади пешгирии ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулода;

— дар ҳолати мавҷуд будани парвандаи ҷиноятӣ.

  1. Аризаи ба мақоми санҷишӣ ирсолгардида, ки тибқи он муайян кардани насаб, ном, номи падар ва маҳалли ҷойгиршавии шахси ба мақоми санҷишӣ муроҷиаткарда ғайриимкон аст, барои гузаронидани санҷиш асос шуда наметавонад.
  2. Гузаронидани санҷиши ғайринақшавӣ бо асосҳои дигар манъ аст.
  3. Санҷиши ғайринақшавӣ дар асоси қарори (фармоиши, амри) роҳбари мақоми санҷишӣ гузаронида мешавад. Санҷиши ғайринақшавӣ танҳо аз рӯи масъалаҳое гузаронида мешавад, ки барои гузаронидани ин намуди санҷиш асос шудаанд. Дар вақти гузаронидани санҷиши ғайринақшавӣ мақомоти санҷишӣ уҳдадоранд, ки ба субъекти хоҷагидор оид ба шикоятҳои ҷойдошта маълумоти дақиқ ва асоснок пешниҳод намоянд.
  4. Ба санҷидани масъалаҳое, ки асоси гузаронидани санҷиши ғайринақшавӣ нестанд ва дар номгӯи саволҳои санҷишӣ пешбинӣ нашудаанд, роҳ дода намешавад.
  5. Шумораи санҷишҳои ғайринақшавии гузаронидашаванда нисбат ба шумораи умумии санҷишҳои гузаронидашавандаи мақомоти санҷишӣ набояд аз 10 % (фоиз) зиёд бошад. Дар ҳолати аз фоизи муқарраршуда зиёд шудани санҷишҳо онҳо бо розигии Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣгузаронида мешаванд.
  6. Агар дар натиҷаи гузаронидани санҷиши ғайринақшавӣ муайян карда шавад, ки дар фаъолияти субъекти хоҷагидор камбудиҳои ҷиддӣҷой дошта, фаъолияти он мавриди санҷиши нақшавӣқарор гирифтааст, шахси мансабдоре, ки санҷиши нақшавиро гузаронидааст, ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
  7. Санҷишҳои ғайринақшавӣ бо риояи талаботи пешбининамудаи қисми 4 моддаи 13 Қонуни мазкур гузаронида мешаванд.

Моддаи 20. Санҷиши иловагӣ

  1. Санҷиши иловагӣ танҳо дар ҳолати аз натиҷаи санҷиш розӣ набудани субъекти хоҷагидор гузаронида мешавад.
  2. Ҳангоми гузаронидани санҷиши иловагӣ гузаронидани санҷиш аз рӯи ҳамаи масъалаҳои санҷиши нақшавӣ манъ аст. Танҳо масъалаҳои дар шикояти субъекти хоҷагидор зикргардида мавриди санҷиши иловагӣқарор дода мешаванд.
  3. Шикояти субъектҳои хоҷагидор бояд дар муҳлати на дертар аз 10 рӯзи корӣ аз рӯзи қабули шикоят аз ҷониби мақоми санҷишӣ баррасӣ гардида, нисбати он қарори асоснок қабул карда шавад.
  4. Санҷиши иловагӣ бо риояи талаботи пешбининамудаи қисми 4 моддаи 13 Қонуни мазкур гузаронида мешавад.

Моддаи 21. Санҷиши такрорӣ

  1. Санҷиши такрорӣ дар доираи талаботи расмӣ дар бораи бартараф кардани камбудиҳои дар раванди санҷиши қаблӣ ошкоргардида гузаронида мешавад.
  2. Санҷиши такрорӣ пас аз ба охир расидани муҳлате, ки ба субъекти хоҷагидор барои бартараф кардани камбудиҳо дода шудааст, на дертар аз 10 рӯзи ба охир расидани муҳлати зикршуда ва танҳо нисбати камбудиҳои ислоҳшуда гузаронида мешавад.
  3. Субъекти хоҷагидор бо дархости мақоми санҷишӣ дар бораи камбудиҳои ислоҳшуда маълумот пешниҳод менамояд.
  4. Қарор дар бораи гузаронидани санҷиши такрорӣ танҳо дар ҳолати мавҷуд будани дараҷаи эҳтимолияти расонидани зарари назаррас ба ҳаёт ва саломатии аҳолӣ ва муҳити зист аз ҷониби роҳбари мақоми санҷишӣқабул карда мешавад.
  5. Мақоми санҷишӣ субъекти хоҷагидорро дар бораи гузаронидани санҷиши такрорӣ дар муҳлати се рӯзи корӣ пеш аз оғози санҷиши такрорӣ огоҳ менамояд.
  6. Ҳангоми муроҷиат намудани субъекти хоҷагидор ба мақомоти санҷишӣ дар бораи гузаронидани санҷиши такрорӣқарори роҳбари мақоми санҷишӣ дар бораи санҷиш бояд дар давоми се рӯзи корӣ аз лаҳзаи ворид гардидани чунин муроҷиат қабул карда шавад.
  7. Санҷиши такрорӣ бо риояи талаботи пешбининамудаи қисми 4 моддаи 13 Қонуни мазкур гузаронида мешавад.

Моддаи 22. Даврияти санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор

  1. Санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, ба истиснои санҷишҳои ғайринақшавӣ, танҳо бо назардошти дараҷаи таваккалнокӣ, ки тибқи моддаи 11 Қонуни мазкур муайян карда шудааст, гузаронида мешавад.
  2. Вобаста ба дараҷаи таваккалнокӣ санҷишҳои нақшавӣ мутобиқи даврияти зерин гузаронида мешаванд:

— на зиёда аз ду маротиба дар як сол барои субъектҳои хоҷагидори дараҷаи таваккалнокиашон баланд;

— на зиёда аз як маротиба дар се сол барои субъектҳои хоҷагидори дараҷаи таваккалнокиашон миёна;

— на зиёда аз як маротиба дар панҷ сол барои субъектҳои хоҷагидори дараҷаи таваккалнокиашон  паст.

  1. Даврияти санҷишҳои объектҳои мушаххас бо назардошти дараҷаи таваккалнокии он аз ҷониби мақомоти санҷишӣ дар нақшаи солонаи гузаронидани санҷишҳо муайян мегардад.
  2. Санҷиши нақшавии аввалини фаъолияти субъекти хоҷагидори навтаъсис, ба истиснои субъектҳои хоҷагидори дараҷаи таваккалнокиашон баланд, танҳо баъди сипарӣ гардидани ду сол пас аз лаҳзаи бақайдгирии давлатии он гузаронида шуда, ду соли аввали фаъолияти субъекти мазкур мавриди санҷиш қарор дода намешавад.
  3. Агар то гузаштани муҳлати дар қисми 4 ҳамин модда нишондодашуда фаъолияти субъекти хоҷагидор қатъ гардад (аз нав ташкил карда ё барҳам дода шавад), фаъолияти молиявии субъекти хоҷагидор, намояндагиҳо ва филиалҳои он дар доираи санҷиши фаъолияти худи субъекти хоҷагидор гузаронида мешавад.
  4. Мавзӯи санҷиши як мақоми санҷишӣ наметавонад аз ҷониби мақоми дигари санҷишӣ такрор карда шавад ва чунин санҷиш метавонад дар асосҳои зерин гузаронида шавад:

— аризаи худи субъекти хоҷагидор;

— хабари мақоме, ки оид ба азнавташкилдиҳӣ ё барҳамдиҳии субъекти хоҷагидор қарор қабул кардааст;

— иттилооти мақоме, ки азнавташкилдиҳӣ ё барҳамдиҳии шахси ҳуқуқиро амалӣ намудааст.

  1. Дар давоми ду соли аввали фаъолияти субъекти хоҷагидор чораҳои муҷозот нисбати он метавонанд танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ истифода шаванд, агар фаъолияти субъекти мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо воситаҳои дигар таъмин шуда натавонад ва танҳо дар ҳолати зарурат ва ногузир будани пешгирии расонидани зарар ба ҳаёт ва саломатии аҳолӣ ё муҳити зист, дар ҳолате ки чунин зарар таҳдиди ҷиддӣ дошта бошад.
  2. Дар ҳолати ташрифи шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ тибқи муқаррароти қисми 1 ҳамин модда маълумоти зарурӣ бо риояи талаботи пешбининамудаи қисми 4 моддаи 13 Қонуни мазкур дар дафтари бақайдгирии санҷишҳо сабт карда мешавад.

Моддаи 23. Машваратдиҳӣ ва расонидани кумаки методӣ ба субъекти хоҷагидори навтаъсис

  1. Шахсони мансабдори мақоми санҷишӣ ба субъекти хоҷагидори навтаъсис дар давоми ду соли аввали фаъолияти он танҳо барои додани машварат ва расонидани кумаки методӣ оид ба масъалаҳои мавзӯи санҷиши онҳо ташриф меоранд.
  2. Дар муҳлати озодкунӣ аз санҷишҳои пешбининамудаи қисми 4 моддаи 22 Қонуни мазкур субъекти хоҷагидори навтаъсис аз иҷрои уҳдадориҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки риояи онҳо мутобиқи ҳамин Қонун бояд санҷида шаванд, озод карда намешавад.

Моддаи 24. Огоҳинома дар бораи санҷиш

  1. Бо мақсади гузаронидани санҷиш, ба истиснои гузаронидани санҷиш бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми санҷишӣ субъекти хоҷагидорро аз санҷиши гузаронидашаванда дар муҳлати панҷ рӯзи корӣқабл аз оғози санҷиш ба таври хаттӣ огоҳ менамояд. Огоҳиномаи хаттӣ шарти асосии гузаронидани санҷиш буда, мақомоти санҷишӣ на дертар аз даҳ рӯзи корӣ аз рӯзи қабули огоҳинома ҳуқуқи оғоз намудани санҷишро доранд.
  2. Дар огоҳинома дар бораи гузаронидани санҷиш масъалаҳои зерин бояд зикр карда шаванд:

— номи мақоми санҷишӣ, насаб, ном, номи падари шахси мансабдори мақоми санҷишӣ ва суроғаи маҳалли зисти он, рақами шаҳодатномаи хизматӣ;

— асос барои гузаронидани санҷиш;

— мавзӯъ, мақсад ва объектҳои санҷиш;

— санаи оғоз ва анҷоми гузаронидани санҷиш;

— номи субъекти хоҷагидоре, ки фаъолияти он мавриди санҷиш қарор дода мешавад.

  1. Огоҳинома ба роҳбари субъекти хоҷагидор ё ба шахси ваколатдор шахсан ё тавассути почта бо мактуби фармоишӣ ва огоҳиномаи почта ё мустақиман бо имзо супорида мешавад. Роҳбар ё шахси ваколатдори субъекти хоҷагидор баъди гирифтани огоҳинома вазифадор аст дар объекти санҷидашаванда дар вақти барои оғози санҷиш таъингардида ҳозир бошанд.
  2. Агар субъекти хоҷагидор бо сабабҳои узрнок оғози санҷишро дар рӯз ва вақти дар огоҳинома муқарраргардида таъмин карда натавонад, он уҳдадор аст ба мақоми санҷишӣ дар ин хусус на дертар аз ду рӯз то оғози санҷиш хабар дода, сана ва вақти барои тарафҳо мувофиқро барои оғози санҷиш мувофиқа намояд.
  3. Субъекти хоҷагидор дар сурати нагирифтани огоҳинома дар бораи гузаронидани санҷиш ҳуқуқ дорад шахси мансабдори мақоми санҷишро барои гузаронидани санҷиш роҳ надиҳад.
  4. Агар мақоми санҷишӣ субъекти хоҷагидорро дар бораи санҷиши гузаронидашаванда ба таври хаттӣ огоҳ насозад, қарор аз рӯи натиҷаҳои санҷиш беэътибор буда, оқибати ҳуқуқӣ надорад.

Моддаи 25. Номгӯи масъалаҳои назоратие, ки аз рӯи онҳо санҷиш гузаронида мешавад

  1. Санҷиш тибқи номгӯи масъалаҳои назоратие, ки аз ҷониби мақомоти санҷишӣ мутобиқи талаботи муқаррарнамудаи Қонуни мазкур тасдиқ шудааст, гузаронида мешавад.
  2. Номгӯи масъалаҳои назоратие, ки аз рӯи онҳо санҷиш гузаронида мешавад, ба субъекти хоҷагидор ҳамзамон бо огоҳинома дар бораи санҷиш супорида мешавад. Ба субъекти хоҷагидор насупоридани номгӯи масъалаҳои назоратӣҳамзамон бо огоҳинома дар бораи санҷиш боиси беэътибор гардидани қарор аз рӯи натиҷаҳои санҷиш мегардад.
  3. Санҷиши фаъолияти субъекти хоҷагидор аз рӯи номгӯи масъалаҳои назоратӣ гузаронида шуда, аз доираи он баромадан манъ аст. Номгӯи масъалаҳои назоратӣ бояд талаботи асосии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар гирад, ки метавонанд ба ҳаёт ва саломатии одамон, бехатарии ҷамъиятӣ, моликият, ҳифзи муҳити зист таҳдид кунанд ё зарари бевоситаи назаррас расонанд.
  4. Ҳангоми таҳияи номгӯи масъалаҳои назоратӣ мақомоти санҷишӣ метавонанд бо субъектҳои хоҷагидор ё ассотсиатсияҳои дахлдор барои ба инобат гирифтани ақидаи онҳо машварат мегузаронанд.
  5. Номгӯи масъалаҳои назоратӣҳар сол бояд бо назардошти тағйирот дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таклифҳои пешниҳоднамудаи шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ ва субъектҳои хоҷагидор аз нав дида баромада шавад.
  6. Масъалаҳо дар номгӯи масъалаҳои назоратӣ барои риояи минбаъдаи онҳо аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор бояд дақиқ, возеҳ ва дастрас ифода карда шаванд.
  7. Номгӯи масъалаҳои назоратӣқисми ҷудонашавандаи санади санҷиш буда, бояд дар сомонаи расмии мақоми санҷишӣҷойгир карда шавад.

Моддаи 26. Давомнокӣ ва муҳлати гузаронидани санҷиш

  1. Муҳлати гузаронидани санҷиши молиявии фаъолияти шахси ҳуқуқӣ набояд аз бист рӯзи корӣ зиёд бошад.
  2. Муҳлати гузаронидани санҷиши молиявии фаъолияти соҳибкори инфиродие, ки фаъолияти худро дар асоси шаҳодатнома амалӣ менамояд, набояд аз панҷ рӯзи корӣ ва соҳибкори инфиродие, ки фаъолияти худро дар асоси патент амалӣ менамояд, набояд аз ду рӯзи тақвимӣ зиёд бошад.
  3. Санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар муҳлати на зиёдтар аз 10 рӯзи корӣ барои субъектҳои соҳибкории калон, 5 рӯзи корӣ барои субъектҳои соҳибкории миёна ва 2 рӯзи корӣ барои субъектҳои соҳибкории хурд гузаронида мешавад.
  4. Дар ҳолатҳои истисноӣ ба монанди фалокат, беморӣ, фавти шахси масъул ва ҳолатҳои дигари рафънопазир – бо қарори роҳбари мақоми санҷишӣ муҳлати пешбининамудаи қисмҳои 1, 2 ва 3 ҳамин модда як маротиба ба муҳлати на зиёда аз сеяки муҳлати асосии гузаронидани санҷиш тамдид карда мешавад. Дар сурати мавҷуд набудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда дар хусуси тамдиди муҳлати мазкур санҷиши минбаъдаи фаъолияти субъекти хоҷагидор манъ аст.
  5. Санҷиш танҳо дар вақти корӣ ва рӯзҳои кории субъекти хоҷагидор гузаронида мешавад, ба истиснои санҷиши ғайринақшавӣ.

Моддаи 27. Манъи такроран гузаронидани санҷиш аз тарафи мақомоти санҷиши сатҳи гуногун ё мақомоти дигари санҷиш

  1. Гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор аз рӯи масъалаҳое, ки қаблан аз ҷониби мақоми санҷишӣ сатҳи дигар ё мақоми дигари санҷишӣ дар давраи санҷиш муқарраргардида гузаронида шудааст, манъ аст.
  2. Мақоми санҷишӣ салоҳияти ҳар яке аз сатҳҳои мақомоти санҷишро оид ба гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор муайян менамояд.
  3. Дар ҳолате, ки санҷиши фаъолияти субъекти хоҷагидор аз ҷониби мақоми санҷиши як сатҳ (ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ё ноҳиявӣ) гузаронида шавад, ба мақоми санҷиши сатҳи дигар гузаронидани санҷиши ҳамон як субъекти хоҷагидор манъ аст.
  4. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ набояд санҷишҳои аз ҷониби мақомоти дигари санҷиш гузаронидашударо такроран гузаронанд, ба истиснои талаботи пешбининамудаи сархати чоруми қисми 1 моддаи 19 Қонуни мазкур.

Моддаи 28. Анҷоми санҷиш

  1. Баъди анҷоми санҷиш, сарфи назар аз натиҷаҳои он, шахси мансабдори мақоми санҷишӣ санад тартиб дода, дар он маълумоти зеринро қайд менамояд:

— маҳалли гузаронидани санҷиш, санаи таҳияи санад;

— мавзӯи санҷиш;

— вазифа, насаб, ном, номи падари шахсони мансабдори мақоми санҷишӣ, ки санҷиш гузаронидаанд;

— насаб, ном, номи падари соҳибкори инфиродии санҷидашуда ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ;

— маълумот оид ба санҷиши қаблӣ;

— давраи санҷидашаванда ва маълумоти умумӣ оид ба ҳуҷҷатҳое (объектҳое), ки субъекти хоҷагидор барои гузаронидани санҷиш пешниҳод намудааст;

— натиҷаҳои санҷиш;

— дар ҳолати ошкор гардидани камбудиҳо — шарҳи муфассали  онҳо  бо истинод ба меъёри дахлдори санади меъёрии ҳуқуқӣ.

  1. Анҷоми санҷиш рӯзи ба субъекти хоҷагидор супоридани санади санҷиш ё санаи ба он фиристодани санади санҷиш бо мактуби фармоишӣ ва огоҳинома, лекин на дертар аз панҷ рӯзи корӣ аз муҳлати дар қарор зикргардида, ҳисобида мешавад.
  2. Ба санади санҷиш нусхаҳои зарурии ҳуҷҷатҳо, ҳисобҳои анҷомдодаи шахси мансабдори мақоми санҷишӣ ва маводи дигари дар раванди санҷиши гузаронидашуда бадастомада замима карда мешаванд.
  3. Санади санҷиш ба миқдори на кам аз ду нусха таҳия гардида, аз ҷониби шахси мансабдори мақоми санҷишӣ, ки санҷиши дахлдорро гузаронидааст, имзо карда мешавад.
  4. Як нусхаи санади санҷиш ба субъекти хоҷагидор дар давоми панҷ рӯзи корӣ супурда мешавад. Ҳангоми гирифтани санади санҷиш роҳбари субъекти хоҷагидор уҳдадор аст, ки дар нусхаи дигари санад дар  хусуси гирифтани он қайд ворид намуда, имзо гузорад.
  5. Агар роҳбари субъекти хоҷагидор гирифтани санади санҷишро рад намуда бошад, дар ин бора дар нусхаи санади санҷиши барои мақомоти санҷишӣ пешбинигардида қайд ворид намуда, бо имзои шахси мансабдори санҷиши дахлдорро анҷомдода тасдиқ карда мешавад. Дар чунин ҳолат санади санҷиш бо мактуби фармоишӣ ва огоҳинома ба субъекти хоҷагидор фиристода мешавад.
  6. Дар сурати ошкор гардидани содиршавии ҷиноят дар рафти фаъолияти субъекти хоҷагидор нусхаи санад ва маводи натиҷаи санҷиш аз рӯи тобеият барои қабули қарор ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи дахлдор фиристонида мешаванд.

Моддаи 29. Қарор аз рӯи натиҷаҳои санҷиш

  1. Баъди анҷоми ҳар як санҷиш дар асоси натиҷаҳое, ки дар санади санҷиш дарҷ гардидаанд, мақоми санҷишӣ бо имзои роҳбар ё шахси ивазкунандаи ӯ аз рӯи натиҷаҳои санҷиш қарор қабул менамояд, ки он дар муҳлати панҷ рӯзи корӣ баъди рӯзи анҷоми санҷиш ба субъекти хоҷагидор дода мешавад.
  2. Қарор бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:

— сана ва рақами бақайдгирии қарор ва санади санҷиш;

— насаб, ном, номи падари соҳибкори инфиродӣ ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ;

— мавзӯи санҷиши гузаронидашуда;

— чораи андешидашаванда, агар камбудиҳо ошкор гардида бошанд;

— талабот оид ба рафъи камбудиҳои ошкоргардида дар сурати ошкор гардидани онҳо;

— муҳлат, маҳал ва тартиби шикоят овардан нисбат бақарор.

  1. Дар ҳолати ошкор нагардидани камбудиҳо баъди анҷоми санҷиш ба қарор қайди дахлдор ворид карда мешавад.
  2. Қарор аз рӯи натиҷаҳои санҷиш дар ҳолатҳое, ки дар моддаи 16 Қонуни мазкур пешбинӣ гардидаанд, беэътибор дониста мешавад.
  3. Аз рӯи натиҷаи гузаронидани санҷиш мақомоти санҷишӣҳар шашмоҳа ба шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ дар бораи санҷишҳои гузаронидашуда маълумоти дахлдор пешниҳод менамояд.

Моддаи 30. Муваққатан боздоштани фаъолияти субъекти хоҷагидор

  1. Дар рафти санҷиш ҳангоми мавҷуд будани асосҳои зерин шахси мансабдори мақоми санҷишӣ дар бораи муваққатан боздоштани фаъолияти субъекти хоҷагидор қарор қабул менамояд:

— ошкор гардидани анҷоми фаъолияти субъекти хоҷагидор, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ набуда, бевосита боиси хатари ҷиддӣ гардида, метавонад ба ҳаёт ва саломатии аҳолӣ ва муҳити зист зарар расонад;

— таҳдиди дар натиҷаи амалӣ намудани фаъолият ба миён омада, ки бо назардошти ногузирии хатар ва бузургии эҳтимолияти он дар сурати имкон надоштани субъекти хоҷагидор барои тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намудани фаъолияти худ онро бояд фавран боздорад.

  1. Шахси мансабдори мақоми санҷишӣ бояд танҳо он фаъолияти субъекти хоҷагидорро муваққатан боздорад, ки боиси расонидани зарари назаррас ба ҳаёт ва саломатии аҳолӣ ё муҳити зист шуда метавонад.
  2. Дар ҳолати муваққатан боздоштани фаъолияти субъекти хоҷагидор чораҳои гузоштани муҳр (штамп), суратгирӣ, банаворгирӣ ва дигар усулҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, метавонанд истифода карда шаванд.
  3. Муҳлати дар қарор оид ба муваққатан боздоштани фаъолияти субъекти хоҷагидор қайдгардида набояд аз се моҳ зиёд бошад.
  4. Қарор дар бораи муваққатан боздоштани фаъолияти субъекти хоҷагидор маълумоти зеринро дар бар мегирад:

— сана ва рақами қарор;

— номи мақоми санҷишӣ ва номи субъекти хоҷагидор;

— асос барои муваққатан боздоштани фаъолияти субъекти хоҷагидор;

— номгӯи фаъолияти боздошташуда;

— номгӯй ва миқдори молу мулк, таҷҳизот барои истеҳсолот;

— чораҳое, ки бояд барои бартараф кардани ҳуқуқвайронкунӣ андешида шаванд;

— муҳлат барои бартараф намудани ҳуқуқвайронкунӣ ва муҳлате, ки фаъолияти субъекти хоҷагидор муваққатан боздошта мешавад.

  1. Шахси мансабдори мақоми санҷишӣ, ки дар бораи муваққатан боздоштани фаъолияти субъекти хоҷагидор қарор қабул кардааст, роҳбари мақоми санҷишро дар ин хусус огоҳ менамояд.
  2. Субъекти хоҷагидор метавонад аз рӯи қарор дар бораи муваққатан боздоштани фаъолияти субъекти хоҷагидор ба суд, мақомоти прокуратура ё ба тариқи маъмурӣ шикоят намояд.
  3. Дар ҳолате, ки субъекти хоҷагидор камбудиҳои ошкоргардидаро пеш аз муҳлати дар қарор дар бораи муваққатан боздоштани фаъолияти субъекти хоҷагидор зикргардида бартараф намояд, роҳбари мақоми санҷишӣ дар давоми 3 рӯз аз лаҳзаи қабули аризаи субъекти хоҷагидор дар бораи барқарор намудани фаъолият тибқи аризаи он  қарор қабул менамояд.

Моддаи 31. Гирифтани намунаҳо барои гузаронидани ташхис

  1. Гирифтани намунаҳои маҳсулот барои гузаронидани ташхис танҳо дар ҳолати ғайриимкон будани муайянкунии масъалаи бехатарии маҳсулот аз рӯи натиҷаи муоинаи он амалӣ карда мешавад. Дар ин ҳолат мақоми санҷишӣ дар бораи гирифтани намунаҳо санад тартиб медиҳад, ки дар он ҳолатҳои зерин нишон дода мешаванд:

— маҳал ва санаи тартиб додани он;

— номгӯй ва маҳалли ҷойгиршавии субъекти санҷидашаванда, ки намунаи маҳсулоти он гирифта мешавад;

— мансаб, насаб, ном ва номи падари шахси ваколатдори субъекти хоҷагидори санҷидашаванда;

— мансаб, насаб, ном ва номи падари шахси мансабдоре, ки намунаи маҳсулотро мегирад;

— асос ва талабот барои гирифтани намунаи маҳсулот;

— номгӯй ва миқдори намунаи маҳсулоти гирифташуда бо зикр кардани истеҳсолкунанда, санаи истеҳсол, силсилаи (рақами) дастаи мол, арзиши умумии намунаҳо;

— сана ва вақти гирифтани намунаи маҳсулот.

  1. Мақоми санҷишӣ гирифтани намунаҳоро ба миқдоре, ки ҳуҷҷатҳои меъёрию техникии маҳсулот барои гузаронидани ташхис муқаррар намудаанд, амалӣ менамояд.
  2. Санади гирифтани намунаҳои маҳсулот дар се нусха тартиб дода мешавад. Ҳамаи нусхаҳои санад аз ҷониби шахси мансабдори тартибдода, ки намунаи маҳсулотро гирифтааст ва роҳбар ё намояндаи субъекти хоҷагидори санҷидашаванда имзо карда мешаванд. Як нусхаи санади гирифтани намунаи маҳсулот бо роҳхат ва намунаи маҳсулоти бо тартиби муқарраргардида гирифташуда ба ташкилоте фиристода мешавад, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани ташхис ваколатдор шудааст. Нусхаи дуюми санади гирифтани намунаи маҳсулот дар ихтиёри субъекти хоҷагидор мемонад. Нусхаи сеюми санади гирифтани намунаи маҳсулотро шахси мансабдори мақоми санҷишӣ, ки намунаи маҳсулотро гирифтааст, нигоҳ медорад. Фурӯш ва ба муомилот баровардани молу маҳсулоте, ки аз он барои ташхис намуна гирифта шудааст, то муайян гардидани натиҷаи ташхис манъ аст.
  3. Шароити нигоҳдорӣ ва ҳамлу нақли намунаи маҳсулоти гирифташуда набояд нишондиҳандаҳоеро, ки аз рӯи онҳо ташхиси намунаҳо гузаронида мешавад, тағйир диҳад. Шахси мансабдори мақоми санҷишӣ, ки намунаи маҳсулотро барои озмоиш гирифтааст, амният ва сари вақт ба ҷойи гузаронидани ташхис расонидани онро таъмин менамояд. Субъекти хоҷагидори санҷидашаванда ҳуқуқ дорад ҳангоми гирифтани намунаҳо норозигӣ изҳор намояд.
  4. Дар ҳолати номураттабии раванди муътадили истеҳсолот, ки бо гирифтани намунаи маҳсулот алоқаманд аст, намунаи маҳсулот пас аз гузаронидани ташхис бояд баргардонида шавад.
  5. Хароҷоти марбут ба гирифтани намунаи маҳсулот аз тарафи мақоми санҷишӣ маблағгузорӣ карда мешавад. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба масъалаҳои молиявӣ расмиёти амалӣ намудани пардохти хароҷоти марбут ба гирифтани намунаи маҳсулотро тасдиқ менамояд.
  6. Дар ҳолати бо натиҷаҳои ташхис тасдиқ гардидани далели вайронкунии талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби субъекти хоҷагидор, он вазифадор аст, ки хароҷоти марбут ба гузаронидани ташхисро мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн намояд.
  7. Мақомоти санҷишӣ бояд хулосаи мақомоти дигари санҷиш ва натиҷаи ташхисро, ки дар озмоишгоҳҳои аккредитатсияшудаи мақомоти санҷишӣ гузаронида шудааст, эътироф намоянд.

БОБИ 3. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ СУБЪЕКТҲОИ ХОҶАГИДОР ВА

ШАХСОНИ МАНСАБДОРИ МАҚОМОТИ САНҶИШӢ

Моддаи 32. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъектҳои хоҷагидор

  1. Субъектҳои хоҷагидор ҳуқуқ доранд:

— дар бораи санҷиши гузаронидашаванда маълумот гиранд;

— аз шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ асосҳои гузаронидани санҷишро талаб намоянд, бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи  шахсияти узви гурӯҳи санҷишӣ шинос шаванд;

— шахсонеро, ки дар бораи гузаронидани санҷиш қарори дахлдор надоранд ва ё онҳо дар дафтари бақайдгирии санҷишҳо маълумоти дахлдор ворид накардаанд  ва ё муҳлати дар қарор зикргардидаи онҳо фаро нарасида ва ё гузаштааст, ба санҷиш роҳ надиҳанд;

— талаботи шахсони мансабдори мақомоти санҷишро оид ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти онҳо мансуб нестанд, иҷро накунанд ва онҳоро бо маводе, ки ба мавзӯи санҷиш дахл надоранд,  шинос накунанд;

— аз мақомоти санҷишӣ нусхаи санади санҷишро дар давоми панҷ рӯзи корӣ баъди анҷоми санҷиш талаб намоянд ва гиранд;

— бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мақоми санҷишӣҷуброни зиёни дар натиҷаи амалҳои ғайриқонунии шахсони мансабдори он ҳангоми гузаронидани санҷиш расонидашударо талаб намоянд;

— ба шахси мансабдори мақоми санҷишӣ шарҳу эзоҳро оид ба масъалаҳои вобаста ба санҷиш ва натиҷаҳои он пешниҳод кунанд;

— бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати натиҷаҳои санҷиш шикоят намоянд;

— бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии худ дар раванди гузаронидани санҷиш ва аз рӯи натиҷаҳои он мутахассисон ва намояндагони ассотсиатсияҳоеро, ки аъзои онҳо мебошанд, инчунин дигар ташкилоти ҷамъиятиро ҷалб намоянд.

  1. Субъектҳои хоҷагидор уҳдадоранд:

— шахсони мансабдори мақомоти санҷишро дар сурати доштани  қарор дар бораи гузаронидани санҷиш ва аз ҷониби онҳо пешниҳод гардидани шаҳодатномаи  хизматӣ ва ворид намудани сабтҳои дахлдор ба дафтари бақайдгирии санҷишҳо ба объектҳои дахлдори санҷиш роҳ диҳанд;

— дар асоси талаботи асосноки шахсони мансабдори  мақомоти  санҷишӣ мавод ва ҳуҷҷатҳоеро, ки барои гузаронидани санҷиш зарур мебошанд, пешниҳод намоянд;

— қарорҳои  мақомоти  санҷишро дар бораи дар муҳлатҳои муқарраршуда бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳо, ба истиснои ҳолатҳои пешниҳод намудани шикоят аз рӯи қарори мақоми санҷишӣ, иҷро намоянд;

— ба шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ дар иҷрои уҳдадориҳои хизматии онҳо мусоидат намоянд;

— ба оғози санҷиш дар сана ва дар вақти муқарраргардида монеъ нашаванд;

— бо тартиби муқарраргардида ба дафтари бақайдгирии санҷишҳо маълумоти дахлдор ворид намоянд.

Моддаи 33. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ

  1. Шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣҳуқуқ доранд:

— ба ҳудуди объектҳои субъекти хоҷагидор бо ҳамроҳии намояндаи субъекти хоҷагидор ворид шаванд;

— аз субъекти хоҷагидори санҷидашаванда ҳуҷҷатҳои заруриеро, ки бевосита бо гузаронидани санҷиш алоқаманданд,  талаб намуда,  аз  онҳо иқтибос ва нусха гиранд;

— аз роҳбари субъекти хоҷагидор оид ба масъалаҳои вобаста ба мавзӯи санҷиши фаъолияти он баёноти хаттӣ талаб намоянд;

— намунаҳоро дар асоси санади хаттии тартибдодаи тарафҳо ба миқдоре, ки барои гузаронидани санҷиш зарур аст, гиранд ва новобаста ба намуди намуна, онҳоро баъди анҷоми санҷиш дар асоси уҳдадории хаттӣ баргардонанд;

— ба ҷараёни санҷиши субъекти хоҷагидорӣ коршиносону (мутахассисону) машваратчиёнро ҷалб намоянд.

  1. Шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣҳангоми гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор уҳдадоранд:

— қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуқуқҳои субъекти хоҷагидорро риоя намоянд;

— санҷишҳоро бо тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур гузаронанд;

— ба субъектҳои хоҷагидори санҷидашаванда қарор дар бораи гузаронидани санҷиш, шаҳодатномаи хизматӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намоянд;

— бо тартиби муқарраргардида ба дафтари бақайдгирии санҷишҳо маълумот ворид намоянд;

— то оғози санҷиш ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъектҳои хоҷагидори санҷидашаванда, инчунин ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худро вобаста ба гузаронидани санҷиш фаҳмонида диҳанд;

— ба иштирок намудани намояндагони субъекти хоҷагидор ҳангоми гузаронидани санҷиш монеъ нашаванд ва оид ба масъалаҳои вобаста ба  мавзӯи санҷиш ба онҳо шарҳ диҳанд;

— нигоҳдории миқдор ва сифати ҳуҷҷатҳо, намунаҳои таҷрибавӣ  ва маводи дигари муваққатан гирифташуда, инчунин сари вақт баргардонидани онҳоро таъмин намоянд;

— мавзӯъ ва моҳияти камбудиҳои ошкоргардида ва чораҳои  бартараф намудани онҳоро ба субъектҳои хоҷагидор шарҳ дода, ба пинҳон кардани онҳо роҳ надиҳанд;

— барои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор монеъ нашаванд;

— аз ҳудуди субъекти хоҷагидори санҷидашаванда ҳуҷҷатҳои санҷидашавандаро берун набароранд;

— ба субъектҳои хоҷагидори санҷидашуда доир ба бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида дастурҳои асосноки иҷрояшон  ҳатмиро диҳанд;

— риояи сирри давлатӣ, тиҷоратӣ ва сирри дигари бо қонун ҳифзшавандаро таъмин намоянд.

Моддаи 34. Маҳдудиятҳо ҳангоми гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор

Ба мақомоти санҷишӣ ва шахсони мансабдори онҳо манъ мебошад:

— дахолат намудан ба фаъолияти субъектҳои хоҷагидор оид ба масъалаҳои ба мавзӯи санҷиш вобастанабуда;

— аз субъектҳои хоҷагидор дар шакли нақдӣ ситонидани пардохтҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ҷаримаҳо, фоизҳо;

— истифода бурдани далелҳои вуҷуд доштани камбудиҳо ҳамчун асос барои дахолат ё маҳдуд намудани фаъолияти субъектҳои хоҷагидор;

— анҷом додани амалҳое, ки ба фаъолияти истеҳсолию тиҷоратии субъектҳои хоҷагидор монеъ мешаванд;

— гузаронидани санҷиш тибқи асосҳое, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ нашудаанд ва бе қарор оид ба гузаронидани санҷиш;

— гузаронидани санҷиш нисбати субъектҳои хоҷагидор, ки ба шахси мансабдори мақоми санҷишӣ муносибатҳои хешутаборӣ доранд;

— гузаронидани санҷиш ҳангоми набудани роҳбар ё намояндаи ваколатдори субъекти хоҷагидор;

— талаб намудани ҳуҷҷатҳо, иттилоот, маълумот, намунаи маҳсулот, иёргирии озмоиши объектҳои муҳити атроф ва объектҳои муҳити истеҳсолот, агар онҳо объекти санҷиш ё ба мавзӯи санҷиш алоқаманд набошанд, инчунин мусодира намудани нусхаи аслии чунин ҳуҷҷатҳо;

— гирифтани намунаҳои маҳсулот, иёргирии озмоиши объектҳои муҳити атроф ва объектҳои муҳити истеҳсолот барои гузаронидани таҳқиқот, озмоиш, ченкунии онҳо бе тартиб додани протоколҳо оид ба гирифтани намунаҳои зикргардида, иёргирӣ аз рӯи намунаи муқарраргардида ва зиёда аз миқдори муқаррарнамудаи стандартҳои миллӣ, қоидаҳои гирифтани намуна, иёргирӣ ва усулҳои таҳқиқ, озмоиш, ченкунии онҳо ва регламентҳои техникӣ;

— паҳн намудани маълумоте, ки дар натиҷаи гузаронидани санҷиш дастрас шудааст ва он дорои сирри давлатӣ, тиҷоратӣ, хизматӣ ва дигар сирри бо қонун ҳифзшаванда мебошад, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— аз муҳлати муқарраргардида зиёд гузаронидани санҷиш;

— ба субъектҳои хоҷагидор додани дастур ё пешниҳод дар бораи  аз ҳисоби онҳо гузаронидани чорабиниҳои марбут ба санҷиш.

БОБИ 4. НАҚШАИ СОЛОНА, ҲИСОБОТДИҲӢ, ОМӮЗИШ ВА

АРЗЁБИИ ФАЪОЛИЯТИ ШАХСОНИ МАНСАБДОРИ МАҚОМОТИ САНҶИШӢ

Моддаи 35. Нақшаи солонаи гузаронидани санҷишҳои нақшавӣ

  1. Мақомоти санҷишӣ дар асоси таҳлили дараҷаи ҷойдоштаи мутобиқати фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дониши субъектҳои хоҷагидор оид ба амалӣ намудани фаъолияти худ мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, арзёбии дараҷаи таваккалнокии фаъолияти субъекти хоҷагидор, сабабҳои риоя нагардидан ё ба таври зарурӣ риоя нагардидани талабот нисбати субъектҳои хоҷагидор муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар асоси тадбирҳои қаблан андешидашуда ҷиҳати пешгирии қонунвайронкунӣ, чораҳои таъсиррасонӣ ва меъёрҳои риоянашавандаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти санҷишӣ нақшаи солонаи гузаронидани санҷишҳои нақшавиро таҳия менамоянд.
  2. Дар нақшаҳои солонаи гузаронидани санҷишҳо афзалиятҳо ва нақшаҳои соли оянда барои мавзӯи санҷиш зикр карда мешаванд.
  3. Дар нақшаҳои солонаи гузаронидани санҷишҳои нақшавӣ маълумоти зерин зикр карда мешавад:

— арзёбии таваккалҳои асосӣ дар ҳар як соҳаи санҷиш;

— арзёбии миқдори санҷишҳои нақшавие, ки аз ҷониби мақомоти санҷишӣ гузаронида мешаванд;

— арзёбии миқдор ва намудҳои тадбирҳои машваратӣ ва иттилоотии аз тарафи мақомоти санҷишӣ андешидашаванда.

Моддаи 36. Ҳисоботдиҳии мақоми санҷишӣ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дигар мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ки мақоми санҷишӣ дар нақшаи идоракунии он қарор дорад, ҳар сол мақсадҳои стратегӣ ва вазифаҳои солонаи мақомоти санҷишро муайян намуда, арзёбии фаъолиятро дар асоси нишондиҳандаҳои зерин мегузаронад:

— дараҷаи хатарнокӣ ё рӯйдодҳо (нишондиҳандаҳои фавт, харобшавӣ, партовҳо, ифлосшавӣ ва дигар нишондиҳандаҳо) дар соҳаи санҷидашаванда ва динамикаи нишондиҳандаҳои мазкур;

— нишондиҳандаҳои фаъолият, ки шумораи санҷишҳо, машваратҳо, тренингҳои гузаронидашуда ва натиҷаҳои онҳоро нишон медиҳанд;

— нишондиҳандаҳои афкори умум;

-.натиҷаҳои пурсиши ҷомеа, ки дарккунӣ ва арзёбии иттиҳодҳои соҳибкорон, ташкилотҳои ҷамъиятиро оид ба арзёбии фаъолияти мақомоти санҷишӣ нишон медиҳанд.

Моддаи 37. Арзёбии фаъолияти шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ

  1. Фаъолияти шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ, ки санҷиш мегузаронанд, дар асоси меъёрҳои зерин арзёбӣ мегардад:

— натиҷаҳои арзёбии шахси мансабдори мақомоти санҷишӣ, ки аз ҷониби субъекти хоҷагидор гирифта шудааст;

— миқдори машварат ва тавсияҳои додашуда ба субъекти хоҷагидор оиди риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— арзёбии фаъолияти шахси мансабдори мақомоти санҷишӣ оиди кам кардани сатҳи таваккалнокӣ.

  1. Мақоми санҷишӣ низоми арзёбии фаъолияти шахси мансабдори мақомоти санҷишро, ки санҷиш мегузаронад, бо назардошти меъёрҳои дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда таҳия менамояд.
  2. Шумораи муҷозоти татбиқшуда, миқдори ҷаримаҳо ё дигар нишондиҳандаҳои марбут ба истифодаи муҷозот нисбати субъектҳои хоҷагидор набояд барои арзёбии фаъолияти шахси мансабдори мақомоти санҷишӣ асос шавад.
  3. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор Кодекси одоби шахсони мансабдори мақомоти санҷишро таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод менамояд.
  4. Мақомоти санҷишӣҳар се моҳ ба мақомоти болоии худ дар бораи фаъолияти анҷомдодаашон ҳисобот таҳия ва пешниҳод менамоянд, ки дар он маълумоти зерин нишон дода мешавад:

— арзёбии сатҳи таваккалнокӣ дар соҳаи санҷидашаванда;

— вазифаҳои соли ҷорӣ, иҷрои онҳо ва натиҷаҳои арзёбӣ;

— фаъолияти машваратдиҳӣ бо ишораи масъалаҳои барои субъектҳои хоҷагидор муҳими давраи ҳисоботӣ, меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бояд муфассал фаҳмонида шаванд;

— шумора, хусусият ва давомнокии санҷишҳои гузаронидашуда;

— маълумоти мухтасар оид ба маблағгузории фаъолияти мақоми санҷишӣҳангоми гузаронидани санҷиш.

  1. Ҳисоботи солонаи мақомоти санҷишӣ дар бораи фаъолияти анҷомдода, ки мақомоти санҷишӣ ба Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ пешниҳод менамоянд, бояд маълумот дар бораи шумораи санҷишҳои ғайринақшавӣ ва такрории гузаронидашуда, инчунин маълумоти мухтасар дар бораи ҳамаи муроҷиатҳои аз субъектҳои хоҷагидор воридшударо дар бар гирад.

Моддаи 38. Такмили ихтисоси шахсони мансабдори  мақомоти санҷишӣ

  1. Мақоми санҷишӣ мақсад ва принсипҳои асосии такмили ихтисоси шахсони мансабдори мақомоти худро оид ба донишҳои техникӣ дар соҳаи гузаронидани санҷиш ва малакаи гузаронидани санҷиш, гузаронидани машварат барои субъектҳои хоҷагидор тасдиқ менамояд.
  2. Нақшаи солонаи такмили ихтисоси шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ то 1 марти соли ҷорӣ тасдиқ карда мешавад. Такмили ихтисоси шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ бояд на камтар аз як маротиба дар 3 сол гузаронида шавад.
  3. Мақоми санҷишӣ на камтар аз як маротиба дар 3 сол талаботи тахассусиро нисбати шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ, ки меъёри асосии интихоб ва ҷобаҷогузории шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ мебошад, таҳия ва ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ барои тасдиқ пешниҳод менамояд.

БОБИ 5. ҲАМКОРИИ МАҚОМОТИ САНҶИШӢ

Моддаи 39. Таъмини ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ

  1. Бо мақсади таъмини ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ таъсис дода, ҳайат ва низомномаи онро тасдиқ мекунад.
  2. Фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ шаффоф буда, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрасии субъектҳои хоҷагидорро ба маълумот дар бораи санҷишҳо ё оид ба фаъолияти он таъмин намояд.

Моддаи 40. Махзани маълумот ва низоми идоракунӣ дар мақоми санҷишӣ

  1. Мақоми санҷишӣ махзани маълумот ва низоми идоракуниро таъсис дода, пешбурд ва иҷрои уҳдадориҳоро оид ба амалӣ гардонидани ваколатҳои назоратӣ таъмин менамояд.
  2. Махзани маълумот иттилооти зеринро дар бар мегирад:

— номгӯи ҳама шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки фаъолияти онҳо мавриди санҷиш қарор мегирад;

— маълумот оид ба натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда;

— маълумот оид ба истифодаи захираҳои мақомоти санҷишӣ.

  1. Қарорҳо дар бораи гузаронидани санҷиш, санадҳои санҷиш ва қарорҳои аз рӯи натиҷаҳои санҷиш қабулгардида дар махзани маълумоти мақоми санҷишӣ ба қайд гирифта мешаванд.

Моддаи 41. Махзани ягона оид ба санҷишҳои гузаронидашуда ва низоми иттилоотии идоракунӣ

  1. Махзани ягона оид ба санҷишҳои гузаронидашуда ва низоми иттилоотии идоракунӣ барои босамар будани мубодилаи маълумот байни махзанҳои маълумот ва низомҳои идоракунии мақомоти санҷишӣ ташкил карда мешавад.
  2. Мақсади босамар будани мубодилаи иттилоот байни махзанҳои маълумот ва низоми идоракунии мақомоти санҷишӣ аз ҳамоҳангсозии банақшагирии гузаронидани санҷишҳо, пешгирии такроршавии санҷишҳо, пешгирии вайронкунии муҳлати санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ва истифодаи маълумот барои арзёбии таваккалҳо барои ҳар бахш иборат аст.
  3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расмиёти ташкил, пур кардан ва пешбурди махзани ягонаи гузаронидани санҷишҳоро тасдиқ менамояд.
  4. Махзани ягона оид ба санҷишҳои гузаронидашуда ва низоми иттилоотии идоракунӣ бояд дорои иттилооти аз мақоми санҷишӣ воридшаванда, маълумоти марбут ба муайян намудани дараҷаи таваккалнокӣ ва маълумот оид ба санҷишҳои ба нақшагирифташуда ва санҷишҳои гузаронидашуда бошад.

БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 42. Ҷуброни зарари ба субъектҳои хоҷагидор расонидашуда

Зараре, ки ба субъектҳои хоҷагидор дар натиҷаи қарорҳои ғайриқонунӣ ё дигар амалҳои ғайриқонунии шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ расонида шудааст, аз ҷумла фоидаи аздастрафта, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.

Моддаи 43. Ҳалли баҳсҳо ва ҳуқуқи шикоят

  1. Ҳифзи ҳуқуқи субъектҳои хоҷагидор ҳангоми гузаронидани санҷиш тавассути овардани шикоят ба суд, мақомоти прокуратура ва ба тариқи маъмурӣ амалӣ карда мешавад.
  2. Нисбати амалҳо ва қарорҳои шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ бо тартиб ва дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят овардан мумкин аст.
  3. Шикоятҳое, ки ба мақомоти санҷишӣ оварда мешаванд, дар муддати на зиёда аз 30 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи ворид шудани шикоят мавриди баррасӣқарор мегиранд ва дар ин муҳлат вобаста ба онҳо қарорҳо қабул карда мешаванд. Дар ҳолати дар ин муддат ба шикоят ҷавоби хаттӣ нагирифтан, далелҳое, ки дар шикоят оварда шудаанд, қабулшуда ҳисобида мешаванд. Давоми муҳлати дар ҳамин қисм муқарраргардида аз рӯзи якуми кории пас аз ба қайд гирифтани шикояти хаттӣ дар мақоми санҷишӣ дахлдор оғоз мегардад.
  4. Шикоят аз рӯи қарори мақомоти санҷишӣ, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, ба истиснои қарор дар бораи татбиқи ҷазои маъмурӣ дар шакли огоҳӣ, иҷрои қарорро бозмедорад. Иҷрои қарори мақоми санҷишӣ то лаҳзаи қабул гардидани қарори дахлдор доир ба моҳияти шикоят боздошта мешавад.
  5. Мақомоти санҷишӣ уҳдадоранд ҳар сол оид ба далелҳои баррасии арзу шикоятҳои субъектҳои хоҷагидор, чораҳои андешидашуда ва натиҷаҳо ҳисобот омода намуда, то 1 феврали пас аз соли ҳисоботӣ ба баррасии Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ пешниҳод намоянд.
  6. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи санҷишӣ фаъолияти субъектҳои хоҷагидор вазифадор аст, ки барои ба воситаи хатти алоқаи телефонии фаврӣ воридшавии шикоят нисбати мақомоти санҷишӣ дастрас, инчунин ошкоро ва дастрас будани маълумотро дар бораи расмиёти шикоят овардан ва чораҳои аз рӯи онҳо андешидашуда, инчунин тавассути ҷойгир намудани ин маълумот дар сомонаи расмии мақомоти санҷишӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма мусоидат намояд.
  7. Мақомоти санҷишӣ иҷрои уҳдадориҳои хизматиро аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти санҷиши дахлдор назорат карда, ҳолатҳои иҷрои номуносиби уҳдадориҳои хизматиро аз ҷониби шахсони мансабдор ба ҳисоб мегиранд, санҷиши дахлдори хизматӣ мегузаронанд ва нисбати чунин шахсони мансабдор тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳо меандешанд.
  8. Мақомоти санҷишӣ оид ба чораҳое, ки нисбати шахсони дар риоя накардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор андешида шудаанд, дар муддати 10 рӯз аз санаи андешидани чунин чораҳо вазифадоранд ба субъекти хоҷагидор, ки ҳуқуқ ва (ё) манфиатҳои қонуниашон риоя нашудааст, ба таври хаттӣ хабар диҳанд.

Моддаи 44. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 45. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2006 «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2006, №7, мод.342; с.2008, №3, мод.196; с.2013, №7, мод.528) аз эътибор соқит дониста шавад.

Моддаи 46. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур аз 1 июли соли 2016 мавриди амал қарор дода шавад, ба истиснои муқаррароти  пешбининамудаи қисми 6 моддаи 19, ки аз 1 июли соли 2018 эътибор пайдо мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                         Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 25 декабри соли 2015,

№ 1269

Hello world!

Welcome to WordPress. This is your first post. Edit or delete it, then start writing!